Равзанаи адаб

Ё худ ҳоло истилоҳҳои доруву дард камтар истифода шуда, ба ҷои онҳо давою мараз ё касалӣ ба кор мераванд. Ҳол он ки Майсарӣ ҳамеша доруву дардро истифода кардааст:
Худои мо, ки моро дард додаст, Ба ҳар дардаш сад дору ниҳодаст.
Дар рисолаи «Донишнома»-и Майсарӣ ва дигар рисолаҳои тиббии ниёгон калимаву истилоҳоти нобу зебое ба назар мерасанд, ки онҳо имрўз қобили қабул ва истифода мебошанд. Масалан, Майсарӣ ба ҷои истилоҳи «табби музмин» истилоҳи тоҷикии «табби кўҳна»-ро ба кор бурдааст. Ё худ калимаи «тибнома»-ро ба маънии китоби таълимӣ ё дастури тиббӣ истифода кардааст. Бадин минвол калимаву истилоҳҳои «суда» (доруи хока ё ордак), «рабо ва дамо» (навъҳои зиққи нафас), «ҳаб» (қурс, таблетка), «зимод», «шиёф», «аҷин» (навъҳои марҳам) ва амсоли инҳо имрўз ҳам қобили истифода мебошанд. Чунон ки зикр шуд, на муаллифони сарчашмаҳо ва на худи Майсарӣ ба зодгоҳи ў ишорае накардаанд. Вале донишмандон Жилбер Лазар ва Бароти Занҷонӣ таъкид кардаанд, ки ў аз аҳли Хуросон аст ва далели асосии онҳо ин аст, ки дар асрҳои 9-10 забони форсӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ривоҷу равнақ доштааст. Мо дар тақвияти ин гуфтаҳо афзуданием, ки забони рисола аз лиҳози таркиби алфоз ва тарзи калимасозӣ ҳам ба гўиши мардуми ин қисмати Эронзамин, яъне тоҷикон хеле наздик аст. Майсарӣ як зумра калимаву ибораҳоро ба кор бурдааст, ки то имрўз дар забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он маъмул буда, вале дар забони форсии Эрону Афғонистон ба нудрат дучор меоянд ва ё истифода намешаванд.
Масалан, калимаи «фарбеҳ», ки дар байти зайли «Донишнома»
омадааст, аз ҳамин қабил аст:
На фарбеҳ бошаду на зишту лоғар, Ки доя мўътадил бошад-ш беҳтар.
Ё худ таъбири «сар шустан» ба маънии ғусл кардан, ҳаммом кардан дар забони тоҷикӣ маъмул аст. Майсарӣ таъбири мазкурро ба ҳамин маънӣ ба кор бурдааст:
Чу марде хоб бинад, сар нашўяд, Або ҷуфташ дигар наҳмат биҷўяд.
Чу фарзанд оядаш, девона бошад, Ва сусту хору на мардона бошад.
Дар аксари лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҳангоми талаффузи баъзе калимаҳо ҳамсадои «б» ба «в» табдил меёбад, ки ин дар «Донишнома» ҳам зиёд ба назар мерасад:
Таваш аз тан биёрад ошкоро…
Ва гармова биёрад мондагиро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор