Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биронад ҳайзро, гардонад афзун, Биёрад аз шикам кўдак ба берун.
Дар охири ин фасл Майсарӣ таъкид мекунад, ки ҳар кас ин доруҳоро набояд худсарона истифода намояд ва ҳатман пизишк ё коршиносе дар ин кор роҳнамои ў бошад:

Аз ин дору, ки табъаш гуфта омад, Або з-ў хосият пайваста омад.
Набояд як ба як з-ў кор фармуд, Ба нопокӣ набояд тан биёлуд.
Магар устоди кас бошад гузида, Раҳи ҳар доруе ў баррасида.
«Бобуннасиҳат» низ хеле ҷолиб буда, дар он муаллиф ба пизишкони ҷавон муроҷиат мекунад ва роҳу равиши ибтидоии табобатро нишон медиҳад. Тарзи муносибату муомила бо бемор, муоинаи аввал, ба кадом ҷиҳатҳои бемор диққат додан, санҷидани нишонаҳои беморӣ ва дигар масъалаҳои дар боби мазкур баёншуда, бешубҳа имрўз ҳам қобили қабул мебошанд. Аз ҷумла Майсарӣ пизишки ҷавонро огоҳ мекунад, ки агар сабаби бемориро дарк карда натавонад, аз ҳукм кардану дору додан худдорӣ намояд ва ба бемор парҳез фармояд. Сипас дар чанд байт аҳамияти парҳезро, ки муродифаш эҳтимо аст, хотирнишон менамояд:
Ҳар он иллат, ки аслаш менадонӣ, Нигар бар беҳуда ҳукмаш наронӣ.
Набошад ҳеҷ дору з-эҳтимо беҳ, Зи доруҳо ба ҷумла эҳтимо беҳ.
Ки худ беморро з-он эҳтимо кард, Бар ў гил(а) басе камтар тавон кард.
Ва он касро, ки ў худ тандуруст аст, Ҳанўз андар танаш иллат нарустаст.
Мар ўро эҳтимо аз дардмандон
Мувофиқтар бувад, бинюш бурҳон.
Наёрад эҳтимо ўро ба сустӣ,
3 Бақодорад ўро тандурустӣ…
Пас аз ин Майсарӣ дар қисмати асосии рисола дар хусуси бемориҳои инсон «аз мўи сар то нохуни пой» сухан ронда, беш аз сесаду панҷоҳ дарду доруро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Муаллиф ба ҷанбаи илмии рисола таваҷҷўҳ намуда, номи доруҳо, тарз ва мавқеи истифодаи онҳоро ба тарзи дақиқ ва хеле кўтоҳ баён кардааст. Майсарӣ танҳо ба бемории чашм хеле муфассал таваққуф карда, 282 байтро ба шарҳи онҳо бахшидааст.

пешина
аз 625
навбатӣ