Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ашхоси нек ба бадкор табдил меёбанд. Барои равшантар шудани масъала чанд мисолро аз шоирони гуногун аз назар мегузаронем.
Анварӣ таъкид кардааст, ки тифли бадгуҳар ҳарчанд дорои сурати зебо бошад ва дар муҳити хуб тарбият ёбад, инсони нек намешавад, яъне тарбият ба ў асар нахоҳад кард:
Агар тифли бадгавҳари некчеҳр, Ки ҳуснаш фузун бошад аз моҳу меҳр.
Диҳад шири пистони худ Марямаш, Масеҳо шавад рўзу шаб ҳамдамаш.
Нагирад тариқи накўахтарӣ
Шавад фолаш охир ба бадгавҳарӣ. Фузулӣ ва Сайидои Даканӣ низ ба тифли бадсиришт таъсир накардани тарбиятро таъкид кардаанд. Вале бисёре аз шоирон ин матлабро бо мисолҳо аз олами ҳайвоноту табиат ироа намудаанд. Аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ барои таъйиди андешаи боло сагбаччаро мисол меорад, ки ҳар қадар соҳибаш онро бо камоли ғамхорӣ парвариш намояд, оқибат ўро хоҳад газид:
Агар баччаи саг кунӣ парвариш, Ба ташти заринаш бимонӣ хўриш.
Ба зар пур кунӣ мўи аъзои ў,
Ба гавҳар бигирӣ саропои ў.
Чу дар зўру қувват шавад беназир, Газад соҳиби хешро билахир.

Барои тақвияти андешаи мазкур Абдураҳмони Ҷомӣ мори афъиро мисол меоварад, ки ба ҳама парвариши хубу тарбият ром намегардад ва ба одам заҳр мезанад:
Агар афъиеро бигирӣ зи дашт,
Ба ҷаннатсарояш диҳӣ сайру гашт.
Ба ҳар ҷои марғуб ҷояш диҳӣ,
Миёни гул оромгоҳаш диҳӣ.
Ғизояш гар аз решаи ҷон диҳӣ
В-агар обаш аз оби ҳайвон диҳӣ.
Нагардад бад-ин тарбият роми ту, Ки охир кунад заҳр дар коми ту. Ба ин минвол Шоҳпири Кашмирӣ баччаи ҷуғзро, Фидоӣ ва Ноқиси Каттақурғонӣ харро мисол меоранд, ки тарбияту парвариш ба онҳо асаре надорад.
Тавре ки мебинем, дар ҳамаи мисолҳои зикршуда фақат таъсир накардани тарбият ба бадасл таъкид шудааст. Саъдӣ низ ҳамин андешаро хеле барҷаста бо мисолҳои зиёд таъкид кардааст. Вале ў ба асли нек ҳам ишора намуда, ёдрас мешавад, ки тарбият ба он асар мекунад:
Чун бувад асл гавҳари қобил,
Тарбиятро дар ў асар бошад.
Аммо ба шахси бадасл тарбият таъсир намекунад:

Ҳамон ҷо, саҳ. 445.

пешина
аз 625
навбатӣ