Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қисмати «Рўйхати адабиёт» низ хеле ноқис аст. Ҳатто осори муҳаққиқони маъруф А. Мирзоев, Х.Мирзозода, Р.Ҳодизода, У.Каримов, С.Саъдиев ва амсоли онҳо зикр нашудаанд. Хуб мешуд дар охири ҳар фасл муҳимтарин осори чопшудаи адибон ва асарҳои таҳқиқотӣ роҷеъ ба онҳо дарҷ гарданд, то ки роҳнамои хонандагоне бошад, ки ба омўзиши таърихи адабиёт шавқу рағбати бештар доранд.

Китоби дарсӣ дарвоқеъ бояд мисли фонус роҳи толибилмро дар олами беканори дониш мунаввар созад, шавқу рағбати онҳоро ба мутолиаи китоб бештар намояд ва эҳсоси зебошинохтиву зебописандии онҳоро парвариш диҳад.

Ахлоқ ва ирсият аз нигоҳи адибони тоҷику
форс

Масъалаи тарбияву ахлоқ ва ирсият аз мавзўъҳои муҳими илмҳои гуногун буда, то ҷое, ки мо хабар дорем, ҳанўз ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст ва донишмандон дар ин хусус ба хулосаи муайяне наомадаанд. Муҳаққиқи рус И. Кузмичев дар ин бора навиштааст: «Масъалаи таъсири ирсият ва муҳит ба ташаккули ахлоқ аз ҷумлаи душвортарину аҷибтарин масоил буда, то ин дам мавзўи баҳсҳои тезутунд аст. Илми муосир на танҳо ирсиятро дар ташаккули хусусиятҳои равониву маънавӣ инкор намекунад, балки онро чун қонуни тағйирнопазиру аслӣ эътироф менамояд». Донишмандони тоҷику эронӣ ба ин масъала таваҷҷўҳи хосе зоҳир накардаанд ва онро мавриди таҳқиқи амиқу ҳарҷониба қарор надодаанд. Ҳатто дар рисолаи «Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик»-и М. Орифӣ, ки бояд масъалаи мазкур таҳқиқ мешуд, фақат дар зимни шарҳи афкори ахлоқии Ҷомӣ бо ин ишора қаноат шудааст:
«Ҷомӣ ин ҷо ба он фикри Фирдавсӣ, ки дарахти талх бо ҳама парвариш ҳам меваи талх хоҳад дод, мегуфт, пайравӣ кардааст. Бо ин фикри худ Ҷомӣ таъсири ирсиятро пурзўр ва тарбияро дар назди он оҷиз мешуморад, ки ин аз маҳдудиятҳои ақидаҳои ў буда, бо таъсири замон пайдо шудааст». Тавре ки баъдтар хоҳем дид, на Фирдавсӣ ва на Ҷомӣ тарбиятро дар ташаккулу рушди шахс инкор накардаанд ва фақат онро ба шахси бадасл беасар донистаанд ва ин на аз таъсири замон, балки аз эътиқоди суннатии мардум будааст.

43
И. Кузмичев. Литература и нравственное воспитание личности. М.,
1980, С. 114.
44
М. Орифӣ. Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик. Душанбе, 1962,
С. 102.

пешина
аз 625
навбатӣ