Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«ИШҚ ДАРЁИ КАНОРАНОПАДИД»

Мавзўи ишқ, ки аз масъалаҳои ҷовидонии адабиёту ҳунар аст, дар осори боқимондаи шоирони аҳди Сомониён низ мавқеи муҳим дорад. Ин мавзўъ дар ҳар давру замон ва дар осори ҳар шоиру ҳунарвар бо рангу ҷилваи хосе зуҳур мекунад.
Ишқияҳои шоирони асри Х форсу тоҷик бештар ҷанбаи табиӣ дошта, тасвири ҳусни маъшуқи заминӣ, ранҷу азобҳои ошиқ, ишқварзиҳои табиии дилдодагон, васлу фироқ, вафову ҷафо, орзуву омол ва дигар ангезаҳои ишқиро дар бар мегирад.
Тавре ки академик Абдулғанӣ Мирзоев таъкид кардааст, аз осори Рўдакӣ дар «мавзўи ҳақиқати ишқ ва шарҳи он» шеъре боқӣ намондааст.
Вале дар осори шоирони дигари ин давра баъзе ишораҳо ба ин масъала ба назар мерасад. Аз ҷумла Робиаи Қаздорӣ - шоираи хушкаломи ин замон ишқро дарёи калони паҳноваре медонад, ки шино кардани он аз имкон берун аст. Яъне фард наметавонад ҳамаи ҷанбаҳои ишқро фаро гирад. Ба андешаи шоира ошиқи ҳақиқӣ бояд ба ҳамаи сахтиву мушкилоте, ки дар роҳи ишқ пеш меояд, тоқат намуда, барои ба даст овардани ҳадафи худ, яъне васли маъшуқ саъю талош ба харҷ диҳад :
Ишқ дарёи каноранопадид, Кай тавон кардан шино, эй ҳўшманд.
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ, Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб, Заҳр бояд хўрду пиндорид қанд. Маъшуқ дар ашъори шоирони ин давра бо ҳусну ҷамоли беҳамто, ки ошиқро мафтуну шайдои худ мекунад, зоҳир мешавад. Дар назари Рўдакӣ ҳусни худододи маъшуқ ниёзе ба ороишу пероиш надорад ва аз ҳама бартар аст:
Зиҳӣ фузуда ҷамоли ту зебу ороро,

пешина
аз 625
навбатӣ