Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир зебоии табиати Ҳиндустонро дар мисоли Боғи мауаллақи Бомбай тавсиф намуда, онро ба вуруди киштии бегонагон, ки боиси халадор шудани акси зебои боғ дар об гардидааст, муқобил гузоштааст.Бад-ин минвол ҳаёти мусибатбори мардуми ҳинду бо зиндагиисаодатманди мардумони Шарқи озод дар тазод қарор гирифтааст.
Масъалаи озодии мардумони Шарқ аз мавзўъҳои умдаи на танҳо осори манзуми Мирзо Турсунзода аст, балки ҳадафу мароми асосии фаъолияти иҷтимоиву зиндагии ў будааст, ки дар ин бора борҳо ишора кардааст : «Ман мавзўъи озодии Шарқро тарк нахоҳам кард, Ба ин мавзўъ на танҳо кори эҷодии ман, балки тамоми фаъолияти ҷамъиятиам низ бахшида шудааст.»36Азин ҷост ки ин мавзўъ дар осори мансури публисистии ў низ мақоми баланд дошта, алоқаву рағбати зиёди ў ба кишварҳои Шарқ дар мақолаҳояш бо самимияту садоқат баён шудаанд. Дар яке аз мақолаҳои илмиаш ў навиштааст : «Қисмати Шарқ, қисмати халқҳое, ки ҳозираи онҳо гузаштаи на он қадар дури тоҷикон аст, як пораи дили ман мебошад, Агар дили ман ба Ҳиндустони дуру дар айни ҳол наздик мустаҳкам пайваст намебуд, ба эҷоди силсилаи шеърҳои ҳиндустонӣ шурўъ мекардам ?» Дар мақолаҳои «Дўст ва ҳамсояи бузурги мо» ва «Инсонпарвари бузурги Бангола» муҳаббату самимияти Мирзо Турсунзода ба мардуми Ҳиндустон ва нависандаи бузурги он Робиндранат Такур зуҳур ёфтааст. Мақолаҳои мазкур саршори эҳсоси дўстӣ ба кишвари ҳинд ва умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони он аст.
Мавзўъи Шарқи хориҷӣ бо масоили дигари дар осору фаъолияти Мирзо Турсунзода ба хусус ватандўстии ў пайванду иртиботи танготанг дорад. Ў дар ҳар ҷойи дунё бошад, ҳамеша дар ёди Ватан аст ва деҳаи худро дар Ҳисори шодмон пеши назар меорад :

пешина
аз 625
навбатӣ