Равзанаи адаб

Дар маснавии «Чароғи абадӣ» низ Мирзо Турсунзода ҳаёти устод Айниро қабл аз Инқилоби Октабр бо вазъи Шарқ монанд мекунад :
Чу Айнӣ Шарқ асиру бенаво буд, Ба зери чоҳи зиндон Осиё буд.
Шоир вазъи ногувори Шарқ, харобиву нооромии онро осори истеъморгарони Ғарб медонад :
Ҳанўз аз Ғарб гар чи танк ояд, Ба сўйи Осиё бо ҷанг ояд.
Ҳанўз аз Шарқ бўйи дуд хезад, Сутуни дуди нафтолуд хезад. Маснавии «Ҷони ширин» бо хитоби маҳрамонаи шоир ба завҷааш шурўъ мешавад, вале тадриҷан суханони маҳрамонаи ў аз чаҳорчўбаи хонавода берун шуда, ба доираи кишвар, ватани бузург ва ниҳоят ба Шарқу Ғарб ва кулли ҷаҳон мерасад. Шоир дар ин маснавӣ таасуроти аз сафарҳои зиёд дар роҳи сулҳу амонӣ дар кишварҳои олам бардоштаашро ҷамъбаст мекунад ва ҳадафи аслии худро аз таҳкими дўстиву пойдории сулҳ иборат медонад :
Дўстиро ҷустуҷў дорем мо, Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем, Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.
Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт. Дар манзумаи баланди охирини худ «Аз Ганг то Кремл» Мирзо Турсунзода боз ба мавзўи Ҳиндустон рўй меорад ва муборизаи мардуми ин кишварро барои оздиву истиқлол ба қалам медиҳад. Ин манзума ҳам аз лиҳозу мавзуъ ва мазмун ва ҳам аз ҳайси тасвир ба «Садои Осмиё» ва «Қиссаи Ҳиндустон» робитаи қавӣ дорад.
Тавре ки аз намунаҳои нақлшуда ҳам бармалост ва муҳаққиқони осоришоир таъйид кардаанд, дар осори ба Шарқ, ба хусус Ҳиндустон ихтисос додаи шоир саноеъи гуногуни адабӣ корбаст шудааст, ки тазоду муқобала миёни онҳо ҷойгоҳи хос дорад. Масалан ин санъат на танҳо дар тасвирҳои абёту шеърҳои ҷудогона истифода шудааст, балки мабнои кулли силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» бар тазод аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор