Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷост, ки шоир дар ашъори худ пайваста аз шоирони маъруфи гузаштаву имрўзаи Эрон ёд мекунад. Дар шеъри «Ганҷинаи сурудҳо» муҳаббату мардуми тоҷик ба ин ганҷинаи пурбаҳо ва аз нав эҳё шудани он дар сарзамини қадимии тоҷикон баён шудааст:
Суруди Рўдакӣ шуд зинда акнун, Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун, Барои Ҳофизу Саъдии Шероз Намуда тоҷикон оғўши худ боз. Дар шеъри «Тара – Чандри» Мирзо Турсунзода аз рақси дилошўби ҳунарпешаи ҳинду илҳом гирифта, ба шоирони маъруфи форсизабон Ҳофиз ва Бедил руҷўъ менамояд, Зеро онҳо низ дар ғазалу маснавиҳои хеш чунин хубрўёнро васф кардаанд. Агар Бедил зебоиву маҳорати ҳунарпешаи ҳинду Комдеро ба қалам дода бошад, Ҳофиз, ки бо лутфи шоирона ба ивази холи ҳинду ду шаҳри бузургро бахшидааст, дар дили мардуми тоҷик ҷой гирифтааст :
Газал мегуфту дурр месуфт Ҳофиз – шоири
Шероз,
Суханро дода дар васфи шумо, ҷодугарон, пардоз.
Дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд, Суруди ошиқон ҳамсўҳбати дилхоҳи Ҳофиз шуд.
Дилу ҷонро фидо кард ў
Барои чашми ҷодуе,
Ба зулфони суманбўе,
Ба холу хатти ҳиндуе.

Дар шеъри «Таронаи ишқ» шоир дар зимни васфи духтари тоҷик ўро бо духтарони Шарқи хориҷӣ, аз ҷумла бо духтарони шерозӣ мавриди муқояса қарор дода, ба вазъи ногувори иҷтимоии духтарони эронӣ дар замони шоҳӣ ишора менамояд :

пешина
аз 625
навбатӣ