Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

баланди «Садои Осиё» ба бедории Африқо ишора карда буд :
Осиё ҳамроҳи Африқо сухан оғоз кард, Бо ду дасти худ дари иқболи худро боз кард. Дар шеъри «Хоҳари мубориз Африқо» ба мубориза бархостани мардумони ҷафодидаи кишварҳои гуногуни ин қитъа хеле муассир тасвир шудааст. Шоир барои баёни нишонраси матлаб аз санъатҳои гуногуни бадеӣ, ба хусус ташхису суолу ҷавоб моҳирона истифода кардааст :
Пурс акнун,
Кист дорои Ватан ?
Қоҳира аз ҷой бархезад, ки : - Ман !
Кӣ кунад бо ғайр ҷанги сафшикан ?
Алҷазоир хуни худ резад, ки : - Ман !
Кӣ дигар озод мегўяд сухан ?
Аккра бар дил шавқ ангезад, ки : - Ман !
Кӣ муаттар кард боғи хештан ?
Аз Конакри бод бархезад, ки : – Ман !
Кӣ хўрад захми паёпай дар бадан ?
Конго хоки хоинон безад, ки : - Ман !
Кӣ адўрор масс кашонад дар кафан ?
Оби Атлантик бистезад, ки : - Ман !
Дар ҷавоб аз баҳру бар ояд садо :

  • Офарин, эй дўст, Африқои мо ! Беваҷҳ нест, ки шоири судонӣ Абдураҳмони Гулдӣ аз ашъори ба Африқо ихтисос додаи шоир ба ваҷд омада, аз номи ҳамватанонаш хитоб мекунад : «Мо африқоиён Мирзо Турсунзодаро хуб медонем, Номи ў рамзи муборизаи халқҳои Осиё ва Африқо буда, назми оташини вай қалби моро гарм карда, ба касс умед мебахшад ва моро ба мубориза даъват менамояд.» Мирзо Турсунзода бо Эрону эрониён иртиботи хосе дошт. Ин иртибот аз овони тифлии ў шурўъ мешавад, ки аз падари бомаърифати худ ашъори Саъдиву Ҳофизро шунида, ба Шерозу шерозиён дил баста буд ва орзўи дидори он шаҳрро мекард. Баъдтар адабиёти ғании муштараке, ки мардумони тоҷику эронӣ дар тўли ҳазорсолаҳо офаридаанд, манбаъи асосии осори адабии ў қарор гирифт.
пешина
аз 625
навбатӣ