Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў онҳо бояд ногузир ин кишварро тарк намоянд :
Гарчи дусад сол дар ин хона монд, Боз ба ин оила бегона монд.
Ҳукми вай имрўз агарчи равост, Пояи ин ҳукм вале бебақост! Манзумаи «Духтари муқаддас» тасвири муборизаи ҳиндудухтарро дар роҳи сулҳу адолат дар бар мегирад.
Ин духтари мубориз бо саъю талоши зиёд ба ҷодаи сулҳи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, муваффақ мегардад :
Духтари ҳинду адолатхоҳ шуд, Олам аз таърихи он огоҳ шуд. Шеъри «Бозгашт» фарогири эҳсосоти шоир аз сафари ў буда, таассуроташро ҷамъбандӣ менамояд.
Шоир, ки аз мушоҳидаи вазъи ногувори мардуми ҷафокаши Ҳинд хеле ғамгин гашта буд, чун қадам ба ватани озоди хеш мениҳад, ҷойи ғаму андўҳро дар вуҷуди ў аз нав шодиву фараҳ мегирад. Байти зер дарвоқеъ бозёфти шоиронаи ў буда, мароми башардўстонаашро таҷҷассум менамояд :
Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре, Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре. Муҳаққиқи осори шоир Ю.Бобоев дар байти фавқ таъсири ашъори Маяковскийро ҷустааст. Вале ба назари мо онро идомаи андешаи башардўстии Саъдии Шерозӣ дар қитъаи машҳури ў ба тақозои замон донистан саҳеҳтар аст :
Банӣ одам аъзои як пайкаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Мутаасифона, баъзе мукҳаққиқон моҳияти башардўстонаи шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон»- ро дарк накардаанд ва онҳоро маҳдуд ва танҳо аз «ёддошти ҷанбаҳои манфии ҳаёти мардуми ҳинду»

пешина
аз 625
навбатӣ