Равзанаи адаб

Дар ин шеър саргузашти фоҷиабори афғонбачае, ки барои пайдо кардани ризқу рўзӣ ватанашро тарк намуда, ба Бамбай омадааст ва хоки пои истилогарони нокасро пок месозад, ба қалам омадааст, Шоир дар ин маврид низ бо истифодаи таҷнис ва лутфи шоирона аз ин кишвар рондани истеъморгаронро таъкид намудааст :
Дузди бахти халқҳо минбаъд боз Пои худро сўйи ту созад дароз.
Хоки пояшро набояд пок кард, Пок аз он бояд, ки акнун хок кард! Дар шеъри «Рўди Ганг» барои тасвири ҳаёту муборизаи мардуми Ҳинд аз рамзу киноя хеле бамавқеъ истифода шудааст. Шоир дар мисоли рўдхонаи бузурги Ганг, ки дар воқеъ тимсоли ин кишвар аст, вазъи мардуми онро таҷҷасум намудааст. Шоир бо истифода аз санъатҳои хитобу ташхис ва тамсил мардуми сархаму сокити ҳиндуро ба муборизаву хурўш даъват менамояд :
Гуфтам : Эй Ганг, аз чӣ хомўшӣ, Аз чӣ дарёсифат намеҷўшӣ ? Дар шеъри «Боғи муаллақ» табиати зебои Ҳиндустон мавриди тасвир қарор гирифтааст. Боғе, ки дар щаҳри Бомбай воқеъ аст, бо муъҷизоти худ ҳар бинандаро тасхир менамояд. Вале шоир таъкид мекунад . ки зебоии ин боғро ҳузури истилогаролни англис халалдор месозад. Зеро онҳо бо ҳадафи ғорати сарватҳои ин кишвар меҳмон шудаанд.Шоир орзуманди он аст, ки меҳмонони нохонда ин кишварро тарк намоянд :
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.
Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст Ҳеч ба чизи дигаре дил набаст… Шоир таъкид мекунад, ки ҳарчанд истилогарони англис дар сарзамини Ҳинд беш аз ду қарн ҳукмронӣ карданд, вале сазовори эҳтироми мардуми он нагардиданд ва ҳамеша бегона буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор