Равзанаи адаб

Нафсро ҳалқаи халқум бурӣ,
Беҳ ки аз ин зиккаи заққум хўрӣ.
Дуздию роҳзанӣ беҳтар аз ин ,
Кафан аз мурда канӣ беҳтар аз ин!
Илова бар ин Ҷомӣ борҳо барои ҳокимон адлу додро нисбат ба диндориашон авлотар донистааст. Ў дар маснавии «Саломон ва Абсол» ошкоро таъкид мекунад, ки барои осоишу ободии мулк на диндории шоҳ, балки адолати ў зарур аст:
Нуктаи хуш гуфтааст он дурбин:
Адл дорад мулкро қоим на дин!
Куфркеше, к-ў ба адл ояд фареҳ,
Мулкро аз золими диндор беҳ!
Дар «Баҳористон» низ зимни ҳикояте ҳамин матлабро боз такрор ва таъкид намудаст:
Адлу инсоф дон, на куфру на дин
Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шаҳи диндор аст
Баёни ошкорои чунин андешаҳо дар он даврон аз ҷуръати беназири Ҷомӣ дарак дода, бешубҳа аз мароми инсондўстии ў маншаъ мегирад Шоири башардўст ҳамеша шоҳонро ба нарехтани хуни мардуми бегуноҳ, ба сулҳу амонӣ даъват менамояд., онҳоро ба адлу инсоф мехонад:
Нест лоиқтар аз ин ҳеҷ карам,
К-аз касон боз кашӣ дасти ситам.
Боз каш пой зи озори ҳама,
Даст бикшой ба исори ҳама!
Пайи мулк то чанд хун рехтан,
Ба ҳар кишваре лашкаре ангехтан?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо