Равзанаи адаб

Дар осори Ҷомӣ – ҳам дар ғазалу қитъаҳо ва ҳам дар маснавиҳову осори мансураш танқиду мазаммати сўфиёну шайхони риёкор хеле зиёд ба назар мерасад, ки ин ҷо бо зикри чанд намуна иктифо мешавад. Аз ҷумла ғазале, ки бо матлаъи зер оғоз меёбад, саросар ба мазаммати сахти шайхоне, ки бо ҳар васила мардумро фиреб медиҳанд, ихтисос дода шудааст:
Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гўш, Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурўш.
Дар ғазали мазкур аз дину хирад дур будани ин тоифа, риёкориву мардумфиребии онҳо ошкор шудаст. Дар ғазали дигар шоир ба таври мушаххас як нафар аз чунин шайхони риёкорро мавриди тасвир қарор дода, хислатҳои манфури ўро ба қалам додааст:
Шайхи худбин, ки ба ислом баромад номаш,
Нест ҷуз зарқу риё қоидаи исломаш
Хешро воқифи асрор шиносад, лекин
На зи оғоз вуқуф аст, на аз анҷомаш.
Ҷомӣ ҳам мисли Ҳофиз дурўягиву риёкории шайхи гумроҳро бо истифодаи таъбири ў(«доми тазвир») хеле равшан нишон додааст:
Доми тазвир ниҳодаст,Худоё, маписанд,
Ки фитад тоири фархундаи мо дар домаш.
Танқиди сўфиёну зоҳидони табаҳкор, ки дар замони шоир зиёд будаанд, дар осори дигари шоир низ фаровон аст. Дар маснавии «Силсилатуззаҳаб» шоир ҳатто фасли алоҳидае «Дар мазаммати сўфинамоёни зоҳиророй ва маънигузорони суратпирой» ҷудо намуда, риёкориву мардумфиребии онҳоро ошкор намудааст:
Ҳазар аз сўфиёни шаҳру диёр,
Ҳама номардуманду мардумхор…
Ҷои дигар шоир нафратуи худро нисбат ба чунин шайхони риёкор хеле сахт баён кардааст:
Туф бар ин сурату сират, ки турост,
Туф бар ин ақлу басират, ки турост
Ин на суфигарию дарвешист, Номусулмонию кофиркешист!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо