Равзанаи адаб

Зеро аз назари шоир ҳусни ахлоқ, яъне хислатҳои неку ҳамидаи ботинии инсон аз ҳусну ҷамоли зоҳирӣ авлотару бартар аст:
Ба ҳусни хулқ бистон дил зи ушшоқ,
Ки ваҷҳи аҳсан омад ҳусни ахлоқ.
Ошиқ на танҳо ба ҷавру ҷафои маъшуқ бурдбор аст, балки даст аз домани ў барнамегирад ва бо тамоми ҳастӣ хоҳони ранҷу ситами ўст:
Гуфтаӣ: «Хун резамат то душманам дорӣ, Камол»,
Ман худ аз баҳри чунинҳо дўст медорам туро.
Дўст медорад дилам ҷавру ҷафои дўстро,
Дўсттар аз ҷону сар дорад балои дўстро.
Ба хусус ошиқ аз рўи зебоимаъшуқ ҳеҷ дил канда наметавонад ва ҳамеша майли дидори онро дорад. Вале зулфи маъшуқ монеи васл аст ва ба ошиқ мушкилоту гирифториҳо пеш меорад:
Эй аз ҳадиси зулфи туам бар забони гиреҳ,
Бикшой бурқа аз руху аз зулф он гиреҳ.
Чашмам гуле начид зи боғи рухат ҳанўз
То кай занад ду зулфи ту бар абрувон гиреҳ.
Дар айёми бадҳолӣ аз ҷаври зулф
Рухат кард ба мо басе некўӣ.
Камол борҳо таъкид кардааст, ки маъшуқи ў шоҳи хубон буда, аз ҳама зебост. Ў пеш аз ҳама дорои ҳусну ҷамоли табиии худодод аст. Маъшуқ инсони заминиест, ки монанди маъшуқи Ҳофиз рўи гандумгун ё худ чеҳраи сиёҳҷурда дорад:
Ёри хирмансўзи мо гў, рўи гандумгун бипўш, В-арна хоҳад сўхт хирман ҳар киро ақл ҳасту ҳуш.
Рўи гандумгун намуду ҷони мо як ҷав фурўхт, Аз чи шуд ёр инчунин гандумнамои ҷавфурўш.
Маъшуқ миёни борик, лабони шаккарин, абрўи чун камон, мижгони тирмонанд, қади чу сарву рўи ба сони моҳу офтоб дорад. Дар баробари ин дар аксари ғазалҳои шоир маъшуқ ё дўст бештар симои таҷридӣ дошта, соҳиби сифатҳои илоҳист.
Мо ба савдои ту доман зи ҷаҳон барчидем,
Меҳнати ишқи ту бар роҳати ҷон бигзидем.
Камол дар ин зумра ғазалҳо шефтаи ҳусни беамсоли илоҳист, ҳусне, ки таҷаллигоҳи ҳама зебоиҳои оламу одам аст. Васфу ситоиши ҳусн аз иқтидори ҳар суханвар берун аст:
Натавонад, ки кунад васфи ҷамоли ту Камол,
З-он ки ҳаст оинаи ҳусни ту берун зи сифот.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо