Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар узв латофату малоҳати ба худ хос дорад ва ба ҳусни маъшуқ зебоиву таровати тоза мебахшанд:

Зиҳӣ бадояти ҳусни рухат ниҳояти лутф,
Хати ту ҳуҷҷати ҳусну лаби ту ояти лутф.
Беҳ аз ниҳояти ҳусни гул асту хандаи ў,
Даҳони танги ту чун ғунча дар бадояти лутф6

Аз узвҳои маъшуқ беш аз ҳама рўй, зулф ва қад таваҷҷўҳи ошиқро ба худ кашидаанд. Бахусус рўи маъшуқ маҷмаъу маркази ҳусн буда, зебоиву латофати узвҳои дигарро ҳамоҳанг месозад:

Нуктаи холу хатат оёти ҳуснанду ҷамол,
Як-як он оётро он рўи зебо ҷомеъ аст.

Аз ин ҷост, ки рўи маъшуқ рамзу мазҳари зебоӣ дониста мешавад:

Рўй нанмуда гирифтам, ки равӣ аз бари мо, Ба куҷо мебарӣ ин хубиву зебоиро? Камоли борҳо дилбастагии худро маҳз ба рўи маъшуқ таъкид намуда, аз ҷумла дар мақтаи ғазале навиштааст:

Рўй ороста бинмой хусусан ба Камол,
Ки ту хос аз паи аҳли назар оростаӣ.

Дар ғазалиёти шоир рўи зебои маъшуқ чун чароғи хонаи дили ошиқ, Каъбаи ҳусну матлаъи ҷамол, тимсоли зебоиву тафсири оёти кашшофи ҳусн ба қалам омадааст. Бинобар ин чунин рўи зебо эҳтиёҷ ба ҳеҷ ороишу пероише надорад:

Васфи рўи ту Камол ар накунад нуқсон нест,
Набувад хоҷати машшота рухи зеборо.

Зебоии рухи маъшуқ мусаллам аст ва онро касе наметавонад инкор кунад:

Камол он чи гўӣ аз он рўи зебо
Ба рўяш, ки ҷуз хубу зебо нагўӣ.

Маъшуқ ҳар қадар зебову дилрабост, ба ҳамон андоза бераҳму пурҷафост:
Ҳусн бас ёри маро, меҳру вафо гар нест, нест,
Ошиқонро тоқати ҷавру ҷафо гар нест, нест.

Маъшуқ фитнагару сангдил, аҳдшикану бевафо буда, ба ҳоли ошиқ раҳме надорад. Аз ин рў ошиқ орзуманди он аст, ки хислатҳои ботинии маъшуқ ба зоҳири зебои ў созгор гардад:

Соҳиби рўи накўро ба ҳама ҳол, ки ҳаст,
Расми дилҷўиву оини вафодорӣ беҳ.

пешина
аз 625
навбатӣ