Равзанаи адаб

ки аз ҷониби Эдвард Фитсҷералд ба забони англисӣ сурат гирифт, ба ў шўҳрати ҷаҳонӣ овард ва боиси интишори васеи рубоиҳои ў дар кишварҳои гуногуни олам гардид ва кор ба ҷое расид, ки имрўз ба ў то панҷ ҳазор рубоиро нисбат медиҳанд.
Мутаассифона, ин раванди номатлуб имрўз ҳам идома дорад.
Ахиран, аниқтараш 18 феврали 2000 нигорандаи ин сатрҳо шоҳиди ба Умари Хайём нисбат додани рубоиёти тоза шуд, ки зикри он аз манфиат холӣ нест. Китоби донишманди шинохта Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ "Таҳлили шахсияти Хайём"-ро мутолиа мекардам ва сари ин нукта андеша доштам: "Ба ҳар ҳол иттифоқи калимае бар теъдоди ҳақиқии рубоиёти хайёмӣ вуҷуд надорад ва бо таваҷҷўҳ ба авомили мутааддид, ки муҳаққиқон дар ин мавзўъ мегўянд, иттифоқи назари мазбур ғайримумкин ба назар мерасад". Ҳамин вақт аз барномаи аввали радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтори илмиву адабии "Ситораҳои беғуруб" садо дод. Таҳиягар ва барандаи он рўзноманигор Ҳафизабону Ҳомидова дар бораи бузургии Хайём чун шоир ва донишманд чанд ҷумларо зикр намуда, эълон кард, ки "аз бўи муаттари рубоиёти Умари Хайём хотири шунавандагонро муаттар месозанд". Сипас ровӣ Фозилҷон Бозоров ба қироат шуруъ карда, 21 рубоиро бо садои хуб хонд. Ҳарчанд рубоиҳо "хайёмона" буданд, дар назарам шубҳаовар намуданд. Бинобар ин барои равшан кардани масъала чанд маҷмўаи рубоиҳои Хайёмро аз назар гузаронда, нишоне аз онҳо пайдо накардам. Сипас ба силсилаи рубоиёти "Ҷоми Хайём"-и Лоиқ рўй овардам ва он 21 рубоиро дар он ҷо пайдо намудам, ки чанде аз онҳоро нақл мекунам:
Аз хок шудему хоксорӣ кардем,
Аз санг шудему бурдборӣ кардем.
Аз шеъри Аҷам шудем номӣ ба ҷаҳон,
Бо пири Аҷам бодагусорӣ кардем.
Дунё ба мисоли бори ноҳинҷор аст,
Вазнаш ҳама бар дўши каси пурбор аст.
Аз калла манорасозӣ осон дар он,
Аз ақл манора сохтан душвор аст.
Ин хок мисоли модарон мегиряд,
Дар мотами хоки хуфтагон мегиряд.
Ҳар роҳ, ки нақши бад гузоранд бар ў,
Дар зери қудуми нокасон мегиряд.
Аз ин ҷост, ки ҷудо кардани рубоиёти асили Умари Хайём аз муҳимтарин ва мушкилтарин масъалаҳои осори ў ба шумор меравад.
Зеро ба иллати бетаваҷҷўҳии худи Хайём ва ҳамзамононаш маҷмўаи осори адабии ў дар замонаш мураттаб нашудааст ва агар шуда бошад ҳам, то имрўз нарасидааст. Аз тарафи дигар бидуни матни саҳеҳи рубоиёти Хайём дар бораи афкору андеша ва сабку нигориши ў сухани дақиқ гуфтан имконнопазир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё