Равзанаи адаб

шеърҳо он манзараҳоро равшан тасаввур мекунад ва аз дарки зебоии онҳо дили ў аз фараҳ лабрез мегардад. Илова бар ин дар девони Фаррухӣ тасвирҳои умумии табиат ниҳоят кам буда, дар баъзе тағаззулҳо ҳатто тасвири манзараҳои мавзеоти мушаххаси таърихиро мушоҳида кардан мумкин аст (монани боғҳои мамдўҳон, васфи баҳори Балху Ҷузҷонон, тавсифи доғгоҳи Абулмузаффар дар Чағониён ва ҳоказо).
Албатта, бо ин мо мавҷудияти шеърҳои якранги шоирони тақлидкорро, ки, мутаассифона, дар гузашта хеле зиёд буданд ва баъзан ба ашъори шоирони номӣ ҳам таъсире мегузоштанд, инкор карданӣ нестем. Вале ин хусусиятро хоси эҷодҳои ҳамаи шоирони гузашта донистан ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест. Бинобар ин таҳқиқи амиқ ва ҳарҷонибаи маҳорати эҷодии шоирони номии пешин аз вазифаҳои муҳим ва ҳалталаби адабиётшиносӣ буда, барои равшан намудани бисёр масъалаҳои адабиёти гузашта ва пешбурди назми кунунии мо дорои аҳамияти калоне мебошад.
Соли 1974
Мизони шинохти рубоиёти асили Умари Хайём
Ҳаким Умари Хайём аз донишмандону суханварони маъруфест, ки бо осори гаронбаҳои илмиву адабӣ дар пешрафти тамаддуни олам саҳми босазо гузоштаанд. Осори илмии ин донишманди бузург, ки дар риёзиву нуҷум, фалсафаву ҳандаса офаридааст, ҳанўз арзиши худро гум накардаанд, ҳарчанд ў имрўз бештар бо рубоиҳои худ машҳури олам гаштааст. Вале дар замони зиндагӣ Хайём пеш аз ҳама чун ҳакиму донишманди риёзидону мунаҷҷим маъруф буда, худ ва ҳамзамононаш ба шеъру шоирии ў таваҷҷўхе зоҳир накардаанд. Ҳатто муаллифи "Чаҳор
10 мақола" Низомии Арўзии Самарқандӣ, ки "ба хидматаш расидааст", ўро чун мунаҷҷими бузург муаррифӣ карда, аз ашъораш ҳатто ёде нанамудааст. Ҳамзамони дигари ў Абулҳасан Алӣ бинни Зайди Байҳақӣ ҳам, ки бо Хайём мулоқот намудааст, ўро дар фалсафаву ҳикмат, таърих, фиқх, луғат низ устод медонад, вале ба шоирии ў ишорае намекунад.
Дарвоқеъ чунон ки Забеҳулло Сафо дуруст таъкид кардааст, "ин рубоиҳоро Хайём ғолибан дар дунболи тафаккуроти фалсафии худ суруда ва қасди ў аз сохтани онҳо шоирӣ ва даромадан дар зии шуаро набуда ва ба ҳамин сабаб вай дар аҳди худ шўҳрате дар шоирӣ надошта
11 ва ба номи ҳакиму файласуф шинохта мешудаасту бас".
Бо мурури асрҳо рубоиҳои Умари Хайём дурахши тоза пайдо карда, беш аз пеш таваҷҷўҳи адибону хонандагонро ба худ ҷалб менамоянд ва дар қарни XIX дар олами шеъри Шарқу Ғарб шўру ангезиши беназире ба вуҷуд меоранд. Тарҷумаи озоди рубоиёти Хайём,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё