Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, дар ташаккули ақидаи мазкур таъсири ислом, бахусус оятҳои ҷудогонаи Қуръони маҷид ҳам ҳаст, ки дар ин бобат дар мавридаш сухан хоҳад рафт.
Дар хусуси ҳадиси мазкури расули акрам (с) бошад ҳаминро бояд гуфт, ки дар он на ирсияти хислатҳои инсонӣ, балки баргашт ба асл пас аз марг таъкид шудааст ва ба масъалаи ирсияти хулқ робитаи мустақим надорад.
А. Мирзоев дар идомаи сухани худ ҳамчунин таъкид мекунад, ки дар андешаи шоирони гузашта дар хусуси ирсияти хулқи неку бад баъзан «роли тарбият инкор карда шудааст».14Вале пас аз тааммул дар саргузашти Беҳрўзу Баҳроми маснавии ҳамноми Биноӣ, ки ҳар ду аз як падару модар зода шудаанду пас аз ба камол расидан бо таъсири муҳит яке манфиатрону дигаре зараррасони мардум мегардад, бар хилофи ақидаи аввал ба хулосае меояд, ки дар назари шоирон, аз ҷумла Биноӣ ихтилоф мавҷуд аст. Яъне, аз як тараф, таъсири тарбиятро нодида мегирад, вале, аз тарафи дигар, бо таъсири муҳит тағйир ёфтани хислати қаҳрамонро нишон медиҳад.
Ба назари мо, ин ҷо ихтилофе нест, балки андешае ниҳон аст, ки хислати аз асли бад реша гирифта ҳеҷ гоҳ ислоҳ, яъне нек намешавад (намади сиёҳ бо шустан сафед намешавад, гургзода гург мешавад…). Вале хислате, ки аз асли нек сарчашма мегирад, бо таъсири муҳити бад ва тарбияти нодуруст метавонад бад гардад. Масалан, Баҳром аз оилаи хуб аст, вале бо таъсири одамони бад ба шахси зараррасон табдил меёбад. Шоирони форсу тоҷик дар он ақида буданд, ки тарбият ба шахси некасл хеле муҳим аст. Зеро дар сурати суст шудани тарбият ашхоси нек ба бадкор табдил меёбанд. Барои равшантар шудани масъала чанд мисолро аз шоирони гуногун аз назар мегузаронем.
Анварӣ таъкид кардааст, ки тифли бадгуҳар ҳарчанд дорои сурати зебо бошад ва дар муҳити хуб тарбият ёбад, инсони нек намешавад, яъне тарбият ба ў асар нахоҳад кард:

Агар тифли бадгавҳари некчеҳр,
Ки ҳуснаш фузун бошад аз моҳу меҳр.
Диҳад шири пистони худ Марямаш,
Масеҳо шавад рўзу шаб ҳамдамаш.
Нагирад тариқи накўахтарӣ
Шавад фолаш охир ба бадгавҳарӣ15

Фузулӣ ва Сайидои Даканӣ низ ба тифли бадсиришт таъсир накардани тарбиятро таъкид кардаанд. Вале бисёре аз шоирон ин матлабро бо мисолҳо аз олами ҳайвоноту табиат ироа намудаанд. Аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ барои таъйиди андешаи боло сагбаччаро мисол меорад, ки ҳар қадар соҳибаш онро бо камоли ғамхорӣ парвариш намояд, оқибат ўро хоҳад газид:

Агар баччаи саг кунӣ парвариш,
Ба ташти заринаш бимонӣ хўриш.
Ба зар пур кунӣ мўи аъзои ў,
Ба гавҳар бигирӣ саропои ў.
Чу дар зўру қувват шавад беназир,
Газад соҳиби хешро билахир.

Барои тақвияти андешаи мазкур Абдураҳмони Ҷомӣ мори афъиро мисол меоварад, ки ба ҳама парвариши хубу тарбият ром намегардад ва ба одам заҳр мезанад:

пешина
аз 625
навбатӣ