Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қабл аз он ки ба баррасии масъалаҳои ахлоқиву ҳикмат шурўъ намоем, зарур аст, назаре ба андешаҳои Фирдавсӣ дар бораи сарчашмаи ахлоқи неку бад ва нақши тарбият дар ташаккули ин хислатҳо андохта шавад.
То ҷое, ки мо хабар дорем, ин масъала ҳанўз дар илми ҷаҳонӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст ва донишмандон дар ин хусус ба хулосаи муайяне наомадаанд. Муҳаққиқи рус И. Кузмичев дар ин бора навиштааст: «Масъалаи таъсири ирсият ва муҳит ба ташаккули ахлоқ аз ҷумлаи душвортарину аҷибтарин масоил буда, то ин дам мавзўи баҳсҳои тезутунд аст.
Илми муосир на танҳо ирсиятро дар ташаккули хусусиятҳои равониву маънавӣ инкор намекунад, балки онро чун қонуни тағйирнопазиру аслӣ эътироф менамояд». Донишмандони тоҷику эронӣ ба ин масъала таваҷҷўҳи хосе зоҳир накардаанд ва онро мавриди таҳқиқи амиқу ҳарҷониба қарор надодаанд. Ҳатто дар рисолаи «Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик»-и М. Орифӣ, ки бояд масъалаи мазкур таҳқиқ мешуд, фақат дар зимни шарҳи афкори ахлоқии Ҷомӣ бо ин ишора қаноат шудааст: «Ҷомӣ ин ҷо ба он фикри Фирдавсӣ, ки дарахти талх бо ҳама парвариш ҳам меваи талх хоҳад дод, мегуфт, пайравӣ кардааст. Бо ин фикри худ Ҷомӣ таъсири ирсиятро пурзўр ва тарбияро дар назди он оҷиз мешуморад, ки ин аз маҳдудиятҳои ақидаҳои ў буда, бо таъсири замон пайдо шудааст». Тавре ки баъдтар хоҳем дид, на Фирдавсӣ ва на Ҷомӣ тарбиятро дар ташаккулу рушди шахс инкор накардаанд ва фақат онро ба шахси бадасл беасар донистаанд ва ин на аз таъсири замон, балки аз эътиқоди суннатии мардум будааст.
Чунин ишораҳо дар як зумра аз асарҳое, ки ба андешаҳои ахлоқии Саъдӣ бахшида шудаанд, низ ба назар мерасад, ки дар мавридаш ба онҳо ишора хоҳад шуд.
Донишманди шодравон А. Мирзоев ҳам дар зимни тадқиқи осори шоири барҷастаи асри 15-и тоҷик Камолиддин Биноӣ ба масъалаи мазкур, бахусус таърихи он чанд ишораи муҳим кардааст, ки қобили таваҷҷўҳ ва ёдоварӣ мебошад. Ў дар боби ҷудогонаи «Биноӣ ва масъалаи ташаккулёбии шахсияти фардӣ» андешаҳои ахлоқии шоирро дар бораи пайдоиши хислатҳои неку бад бо зикру таҳлили мисолҳо аз маснавии "Беҳрўзу Баҳром" мавриди баррасӣ қарор додааст ва ба натиҷае расидааст, ки Биноӣ низ ирсӣ будани хулқи баду некро таъйид намудааст.
А. Мирзоев зимнан ба таърихи масъала назар андохта, онро ба имтиёзи табақавӣ дар ҷамъияти феодалӣ вобаста медонад. Ҳамчунин бо таъсири ҳадиси «Кулли шайъин ярҷаъу ила аслиҳи» ҷанбаи (характери) динӣ гирифтани он ақидаро таъкид менамояд. Вале ба назари мо, ақидаи ирсияти хислати бад таърихи қадимтар дошта, шояд ба давраҳои ибтидоии таърих мансуб буда, аз тасаввуроти мардум дар хусуси муборизаи оштинопазири некиву бадӣ маншаъ мегирад. Бесабаб нест, ки ин ақида то имрўз дар тасаввури марумони эронитабор сахт ҷой гирифтааст. Зарбулмасалу мақолҳои зиёде, ки дар ин мавзўъ ҷой доранд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд:

Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав.
Зангӣ ба шустан сафед намешавад.
Гургзода гург шавад.

пешина
аз 625
навбатӣ