Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саҷҷоди Чўбина низ Шоҳномаро «маҷмўан ҳикматномае манзум»
дониста, масъалаҳои гуногуни ахлоқиро аксаран дар муқоиса бо оёти Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Масалан, роҷеъ ба пайдоиши моҳияти инсон байтҳои зерини Шоҳнома оварда мешавад:

Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид,
Шуд ин бандҳоро саросар калид.
Сараш рост баршуд чу сарви баланд,
Ба гуфтори хубу хирад корманд.
Пазирандаи ҳушу рою хирад,
Мар ўро даду дом фармон барад.

Муҳаққиқ абёти мазкурро илҳомгирифта «аз китоби худо ва суннат»7дониста, аз сураҳои Бақар, Алақ, Инсон, Исуро, Ҷосия ва аз ҳадиси Имом Ҷаъфари Содиқ (а) далелҳо меорад. Аз ҷумла ояи зерини сураи Инсон нақл мегардад: «Мо одамизодагонро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкиву дарё (бар маркабҳои роҳвор) ҳамл кардем ва аз анвои рўзиҳои покиза ба онон рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз мавҷудоте, ки халқ кардаем, бартарӣ бахшидем».
Китоби Саҷҷоди Чўбина дарвоқеъ аз аввалин шарҳҳои муфассал роҷеъ ба ҳикмати Фирдавсӣ мебошад, вале он ҳам комил набуда, дар он ҳикматҳои шоиру мутафаккири бузург фақат аз дидгоҳи ҷаҳонбинии тавҳидӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ҳол он ки доираи ҳикмати Фирдавсӣ хеле васеъ буда, аз манбаъҳои мухталиф маншаъ мегирад ва ҷанбаҳои гуногун дорад, ки ба онҳо муҳаққиқони дигар ишора кардаанд.
Қабл аз он ки ба баррасии ҳикматҳои Фирдавсӣ пардозем, лозим аст як нуктаро равшан намоем. Баъзе донишмандон баёни андешаҳои ахлоқӣ ва панду ҳикматро барои адабиёт, бахусус шеър комилан ноҷоиз медонанд. Аз ҷумла донишманди маъруфи Эрон Алии Даштӣ дар ин бора навиштааст: «Мегўянд шоир бояд воиз ва мураббии ахлоқ бошад. Шоир агар панд диҳад ва дарси ахлоқ диҳад, дигар шоир нест, балки воизест, ки мувоазаро дар либоси назм даровардааст.
Иршоди мардум ба макорими ахлоқ ва наҳйи онон аз разоилу зиштиҳо кори писандида ва хубест. Вале ин кор аз вазоифи уламои ахлоқ ва мураббиёни иҷтимоъ аст. Агар шеър василаи нашри фазоил бошад, дигар шеър нест, балки дастурҳоест дар ҳулияи назм ва шояд ба ҳамин восита муассиртар буда, дар азҳон беҳтар нуфуз кунад. Аммо набояд фаромўш кард, ки онҳо дигар назманд, на шеър». Дуруст аст, ки бо манзум кардани дастурҳои ахлоқӣ ҳанўз асари бадеӣ, яъне шеър ба вуҷуд оварда намешавад ва дар асарҳои пешин рисолаҳои манзуми ахлоқӣ амсоли Пандномаи Бузургмеҳр, Зафарнома, Роҳат-ул-инсон кам набуданд. Вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки ахлоқро комилан аз адабиёт ҷудо карда, баёни масоили ахлоқӣ фақат вазифаи уламои ахлоқ дониста шавад.
Тавре ки маълум аст, ҳадафи адабиёт ҳам, пеш аз ҳама, тасвири инсон, эҳсосу андеша, омолу ормон, рўзгору рафтори ўст. Адибони бузурги ҳамаи халқҳову ҳама замонҳо саъй кардаанд, ки бо сори худ барои ташаккули инсон, пешрафту рушди маънавии он саҳме гузоранд. Аз ин ҷо пай бурдан душвор нест, ки ҳадафи адабиёт ва адибон низ бо аҳдофи донишмандону мураббиён тақрибан яксон аст.

пешина
аз 625
навбатӣ