Равзанаи адаб

Вале мутаассифона, муаллиф ба таври возеҳу дақиқ ба суоли унвони мақолааш посух надода, дар охир таъкид мекунад, ки ҳарчанд дар Шоҳномае байтҳое мавҷуданд, ки «мафоҳими марбут ба илми ҳикматро дар бар дорад… ўро дар радифи ҳакимоне ҳамчун Мулло Садро ва Ибни Сино ва Хоҷа Насир ва Форобӣ ва дигарон» маҳсуб намедорад.
Дуруст аст, ки Фирдавсӣ мисли Ибни Синову Форобӣ файласуф набуд ва рисолаҳои илмии фалсафӣ нанавиштааст. Вале ў аз илми фалсафа, бахусус ҳикмати амалӣ огоҳии комил дошт ва Шоҳнома ганҷинаи афкори фалсафӣ ва панду мавъиза ҳам ҳаст, ки ба ин донишмандони зиёде ишора кардаанд. Аз ҷумла донишманди Афғонистон Восифи Бохтарӣ дар мақолааш «Фирдавсӣ дар қаламрави фалсафа» чанде аз андешаҳои амиқи фалсафии ўқро мавриди таҳлил қарор додааст.
Тавре ки муҳаққиқон ба субут расондаанд, Фирдавсӣ на танҳо аз фалсафа, балки аз равоншиносӣ, нуҷум, фиқҳи исломӣ ва дигар илмҳои замона ба хубӣ огоҳ будааст. Дар ин бора Ғуломалии Афрўз фармудааст: «Агарчи Фирдавсӣ равоншинос ба маънои ахасси он набудааст, аммо ба хубӣ ба қавонини ҳоким бар нафсонияти инсон, боварҳои омма ва низоми арзишии ҷомеа огоҳ буда ва ҳамонанди як ҷомеашиноси ҳозиқу равоншиноси огоҳ ва муаллими дилсўз бо илҳом аз равишҳои тарбиятии Қуръони карим ба меваҳои мустақим ва ғайримустақим, бо андарзҳои ҳакимона ва ишороту тамсилҳои мутафаккирона ба таҳзиби ахлоқ, худсозӣ, хударзишмандӣ ва иззати нафс, тақвияти ирода ва шуҷоати ахлоқии ҷомеа пардохтааст». Бинобар ин ба натиҷае омадан мумкин аст, ки ҳаким дар унвони Фирдавсӣ пеш аз ҳама, ба маънии васеъи донишманд ба кор рафтааст.
Донишманде, ки аз илмҳои гуногуни замон, бахусус фалсафа, фиқҳ ва ҳикмати амалӣ ба хубӣ огаҳ аст.
Тавре ки зикр шуд, роҷеъ ба афкори фалсафии Фирдавсӣ муҳаққиқони зиёде изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла дар рисолаҳои М. Раҷабов, Боқири Парҳом, Саиди Ҳамидиён, Муртазо Соқибфар ва амсоли инҳо андешаҳои фалсафӣ ва махсусан иҷтимоиву сиёсии шоир мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бинобар ин мо ба тақозои мавзўи мақола асосан перомуни ҳикмати амалӣ дар Шоҳнома таваққуф менамоем.
Дар бораи мафҳуми ҳикмат ва анвоъу ақсоми он дар манобеъ донишманди эронӣ Зиёуддини Саҷҷодӣ дар мақолаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» баҳс намуда, ба сабабҳои ҳаким унвон гирифтани шоир ишора кардааст: «Ҳол агар ба диққати тамом дар Шоҳнома бингарем, Фирдавсиро соҳиби ҳамаи ин фазоил (яъне ҳикмат, шуҷоат, иффат, адолат ва амсоли инҳо – М.М.) ва ороста ба ҳикмат мебинем, ки асари ҷовидонии ў ҳам ҳамин ҳикматҳо ва суханони ҳакимонаро дар бар дорад ва ба хонандаи дақиқу нуктасанҷ ироа медиҳад». Сипас дар мақола чанд намуна аз абёти ҳакимонаи шоир дар мавзўъҳои мухталифи ахлоқӣ бидуни таҳлилу таҷзияи муфассал нақл мешавад.
Манучеҳри Муртазавӣ доираи ҳикмати Фирдавсиро дар Шоҳнома маҳдуд намуда, фақат аз тасвири муборизаи неку бад ва чанд мавзўи дигар иборат медонад: «Асоси ҳикмати Фирдавсӣ дар муборизаи хайру шарр маротиби хаёлангези саъю кўшиш ва диловарию паҳлавонии инсон дар зери фишору таъсири муҳити тақдиру сарнавиштӣ ва нопойдории умру давлату бахт ва бесаранҷомии умури ҷаҳон хулоса мешавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё