Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

ОБ БОЯД ТОЗА БОШАД!

Оби олуда ба хок,
Баҳри одам хатарнок.
Боиси гирифторӣ,
Ба ҳар гуна беморӣ.
Аз оби чирку ифлос,
Гурехта шавӣ халос.

§11. БЕҲДОШТИ ҒИЗО. ҒИЗОИ БЕМИКРОБ
Агар ғизо пастсифат бошад, ба дараҷаи зарурӣ коркард нашуда бошад, ба организми инсон метавонад микробҳои бемориовар ворид кунад. Дар натиҷа одам ба бемориҳои рўдаю меъда, аз қабили дарунравӣ, вабо, домана ва ғайра дучор мешавад. Сабаби асосии ба бемории дарунравӣ гирифтор шудан бештар кирми меъда мебошад. Тухми кирми меъда дар вақти даромадан ба ҳоҷатхона, расидан ба пашми ҳайвонот ва хокбозӣ дар дастҳо боқӣ мемонад.
Бинобар ин, баъд аз даромадан ба ҳоҷатхона ва пеш аз хўрокхўрӣ шустани дастон бо собун ҳатмӣ мебошад. Бояд нохунҳо ҳамеша паст карда шаванд, чунки дар зери онҳо аксар вақт тухми кирми меъда боқӣ мемонад ва ҳангоми хўрдани хўрок онҳо ба организми инсон ворид мешаванд, ки бемории дарунравӣ ва дарди шикамро ба вуҷуд меоранд. Ин бемориро аксар вақт бемории «дастони ифлос» меноманд.
Роҳи дигари сироят ёфтани ғизо аз микробҳо ин пашшаҳо мебошанд. Азбаски пашшаҳо дар ифлосӣ ва хусусан дар наҷосат меафзоянд, ҳамчун воситаи сироятёбӣ ба беморӣ дониста шудаанд. Пашшаҳо дар рўйи ифлосиҳо ва наҷосат медаванд ва баъд дар рўйи хўрок менишинанд, дар натиҷа одам сироят меёбад. Бинобар ин, барои аз пашшаҳо дур нигоҳ доштани ғизо рўйи онро пўшондан ҳатман зарур аст.
Пўшондани рўйи ғизо онро аз сироят шуданаш ба воситаи дигар ҳашарот, ба монанди нонхўракҳо, калламушҳо низ кўмак мерасонад.

пешина
аз 80
навбатӣ