Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§10. БЕҲДОШТИ ОБ.
ҲИФЗИ ОБИ НЎШОКӢ АЗ МИКРОБ
Ба андешаи олимон об дар як вақт ҳам бисёр асту ҳам кам. Барои он бисёр аст, ки дар рўйи замин уқёнусҳо, пиряхҳо, баҳрҳо ва дарёҳо зиёданд. Барои он кам аст, ки барои нўшидан танҳо оби тоза истифода бурда мешавад.
Муносибати эҳтиёткорона ба сарчашмаҳои оби нўшокӣ проблемаи тамоми инсонияти рўйи ҷаҳон аст.
Нависандаи машҳури франсавӣ Антуан ба об баҳои баланд дода гуфтааст, ки об на танҳо барои зиндагӣ зарур аст, балки худи об зиндагӣ аст. Аз ҳама боигарии беҳамто дар олам об аст. 60%-и ҷисми инсонро об ташкил мекунад, ҷисми кўдак аз 70% то 80% об дорад. Талаботи шабонарўзии инсон ба об 2-2,5 литрро ташкил медиҳад.
Дар аксарияти деҳоти Тоҷикистон чашма ва ё манбаи об нест. Мардум обро барои нўшидан ва пухтани хўрок аз ҷуйбор ва каналҳо мегиранд. Илова бар ин татқиқотҳо нишон додаанд, ки бисёрии хонандагон ба мактаб оби ҷушонидашуда ва чой намеоранд. Онҳо ташна монда маҷбур мешаванд, ки аз оби канал ва ё ҷуйбор нўшанд ва дар натиҷа ба бемориҳои гуногун дучор мешаванд.
Ҳикоя: Фарзона ва аҳли оилаи онҳо ба деҳаи дигар кўчиданд. Шароити зисти онҳо бад буд ва сатилҳои об бесарпўш дар замини ошхона нигоҳ дошта мешуданд.
Бародари хурдии Фарзона ташна монда буду аз ҳама илтимос мекард, ки ба ў об диҳанд, вале ҳеҷ кас ба вай аҳамият намедод. Вай худаш ба ошхона даромада бо пиёла об гирифта нўшид. Шабона вай аз дарди шикам ва ҳарорати баланд бедор шуд. Ў ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда буд. Фарзона ба модари ҳайронаш фаҳмонд, ки додараш обро аз сатили ошхона гирифта нўшидааст. Модар ба ошхона рафта дид, ки ба сатили об якчанд ҳашарот афтида буд. Беморро ба беморхона бурданд.
Нўшидани об аз манбаъҳои кушода: каналҳо, ҷуйборҳо хавфнок аст, чунки оби ин ҷойҳо ифлос аст. Кўдакон бояд донанд, ки дар об пешоб накунанд ва дар қарибии он қазои ҳоҷат набароранд.

пешина
аз 80
навбатӣ