Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Гўшти хом ва моҳиро набояд дар паҳлўи маводе, ки нопухтаву ношуста (панир, ҳасиб) ва ғайра нигоҳ дошт. Пеш аз омода кардани хўрок дастҳоро бояд тоза шуст.
Дар ошхона якчанд тахтаҳои алоҳида бояд бошад: яке барои нон, дигаре барои гўшт ва сеюмӣ барои сабзавот.
Партовҷойҳоро аз хонаҳо бояд дур нигоҳ дошт, дар маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот барои нест кардани оби истифодашуда дар назди ҳар як оила чуқурии махсус сохтан зарур аст.
§8. БЕҲДОШТИ ҲОҶАТХОНАҲО
ВА РОҲҲОИ НЕСТ КАРДАНИ ПАРТОВҲО
Ҳоҷатхона аз ошхона, хона ва манбаи об бояд дур ҷойгир бошад. Сурохии ҳоҷатхонаҳои деҳот бояд сарпўш ва бинои он дар дошта бошад. Агар сўрохии ҳоҷатхона сарпўш надошта бошад, метавонед барои дур кардани пашшаҳо аз қум, хок ё хлор истифода баред. Ҳар як оила барои шустани даст баъди қазои ҳоҷат бояд дастшўй, об, собун ва дастпоккун дошта бошад.
Тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо – яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи бемориҳои сироятӣ мебошад. Барои тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо бояд ҳар як шахс масъулият ҳис кунад.
Бояд донист, ки бисёр бемориҳои сироятӣ аз истифодаи оби ифлос ва риоя накардани тозагии ҳоҷатхонаҳо пайдо мешавад. Онҳоро микробҳои бемориовар (бактерияҳо, вирусҳо, гелмантинҳо), ки дар организми инсон бештар дар рўдаҳо ҳаёт ба сар мебаранд, ба вуҷуд меоранд. Онҳо аз организми инсон берун омада, ҳангоми ҳолатҳои санитариро риоя накардан одамонро сироят мекунанд.
Бояд қайд кард, ки бемориҳои сироятӣ бештар бо воситаи ҳашарот мегузаранд, бинобар ин барои нест кардани онҳо низ тадбирҳо андешида шавад. Роҳҳои асосии сирояти бемориҳо инҳоянд:

  1. Панҷаҳои даст, нохунҳо, ки дар зери онҳо микроб ҷамъ мешавад.
пешина
аз 80
навбатӣ