Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Масалан, дар бораи гуштирони охири асри 19 ва авали асри 20 устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» маълумот дода, сифатҳои паҳлавонӣ ва ҳунармандиву ҷавонмардии онҳоро васф кардааст. Ин ҳама ба он гувоҳӣ медиҳад, ки ин намуди бозии варзишӣ дар миёни халқи тоҷик хеле машҳур буда, дар пешрафти олами варзиши миллати мо нақши муҳим дорад.
Ба хотир меорем, Фирдавсӣ гуштӣ гирифтани Рустаму Сўҳробро дар «Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ чунин тасвир кардаст:
Ба гуштӣ гирифтан ниҳоданд сар, Гирифтанд ҳар ду давволи камар.
Сипаҳдор Суҳроб он зўрдаст, Ту гуфтӣ, ки чархи баландаш бубаст.
Ғамин гашт Рустам биёзид чанг Гирифт он сару ёли чанги паланг…
Шумо, хонандагони азиз аз падару модарон, мураббиён ва роҳбарони синфу омўзгоронатон ин бозиҳои миллӣ:
ба монанди ланкабозӣ, чилакбозӣ, гўштӣ, сангчабозӣ, лаълакбозӣ, зудгўяк, ресмонкашӣ, давидан, ҷаҳидан ва ғайраро биомўзед. Шумо бояд бидонед, ки ин бозиҳо барои инкишофи солимии ҷисматон хеле фоида доранд. Аммо аксари бозиҳои компютерӣ барои ҷисму рўҳатон манфиате надоранд. Инчунин бозиҳои компютерӣ на танҳо вақти зиёдатонро мегиранд, балки ба инкишофи ҷисму рўҳатон низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Нақши бозиҳои миллӣ дар солимгардонии кўдакон аҳамияти хос дорад, аммо дар интихоби бозиҳо бояд синну сол ва бехатарӣ ба назар гирифта шавад. Гузашта аз ин, бозиҳои миллӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ, дўст доштани халқу Ватани худ ва зинда нигоҳ доштани расму анънаҳои миллӣ нақши босазо доранд.

пешина
аз 80
навбатӣ