ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Инчунин тавсия дода мешавад, ки ба намудҳои гуногуни варзиш, ки дар мактаб амал мекунанд, аъзо шавед. Онҳое, ки ба варзиш машғул мешаванд, рўҳану ҷисман солиманд.
Барои он ки зуд хастаю монда нашавед, реҷаи рўзро риоя кунед. Дар давоми рўз кори фикриро, албатта бо навъи кори ҷисмонӣ иваз намуда, барои истироҳат кардан вақти танаффус низ ҷудо кунед.
Ба тозагии хона, синфхона, либос, ашёи хониш диққату эътибор диҳед. Мутобиқи ҳаво (хунук, гарм) ва фаслҳои сол, аз ҷумла дар хона либоси сабуки хонагӣ, барои сайругашт, хобравӣ ва мактаб либоси алоҳидаи мувофиқи мавсим пўшед, то ки ҳамеша худро бардаму бақувват ҳис кунед.
Бояд мазмуни малакаҳои мадании рафторро дарк кунед:
оромона суҳбат ва боодобона муроҷиат кардан; барои кўмак миннатдорӣ баён намудан; ба атрофиён халал нарасонидан; пеш аз ба бино (хона, мактаб) даромадан, пойҳоро тоза кардан; баъди дарстайёркунӣ китобу дафтар ва дигар асбоби хонишро ба ҷойи муайн гузоштан; салом додану хайрухуш кардан, дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба калонсолон ва духтарон ҷой додан; нисбати кўдакони хурдсол ва беморон ғамхор будан ва ғайра.
Ғамхорӣ дар ҳаққи саломатии худ – гарави фазои хуби рўҳии оила ва аломати тарзи ҳаёти солим аст. Тарзи ҳаёти солим – муносибати хайрхоҳона байни аъзои оила, ташкили хўроки ғизонок, мунтазам истифода бурдани варзиши пагоҳирўзӣ ва дуруст ташкил карда тавонистани кори манфиатнок аст.
Дўсти ҷавон! Ту бояд доим бардаму солим бошӣ. Барои ин бадани худро обутоб бидеҳ ва ҳамаи қоидаҳои тандурустиро риоя кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё