Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§26. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ
“РЎЗИ САЛОМАТӢ”
Бо мақсади ташаккул додани сифатҳои маънавию ҷисмонии наврасон дар мактаб “Рўзи саломатӣ” ташкил ва гузаронида мешавад.
Омўзгор бо кўдакон ва волидон оид ба ташкил кардани чорабинии мазкур маслиҳати пешакӣ карда, омодагӣ мебинанд.
Дар рўзи муайяншуда роҳбари чорабинӣ оид ба оғози “Рўзи саломатӣ” маълумот дода, шартҳои намунавии онро эълон мекунад:
Шарти якум. “Машқҳои пагоҳирўзӣ”. Хонандагон бо падару модарон варзиши пагоҳирўзӣ иҷро мекунанд.

Шарти дуюм. “Чиро меомўзем?”. Дар дарс хонандагон аз рўйи супориш шеър мехонанд, дар бораи аҳамияти варзиш нақл мекунанд, ҳикоячаҳои тартибдодаи худро пешниҳод менамоянд.
Шарти сеюм. “Танаффуси муфид”. Падару модарон бо хонандагон ба танаффус баромада, бозиҳои серҳаракат ва тадбирҳои варзишии шавқоварро ташкил мекунанд.

Шарти чорум. “Оилаи тифоқ”. Бозии “Кӣ чолоктар?” доир мегардад. Бозӣ дар майдончаи варзиш гузаронида мешавад. Иштирокчиён ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд ва ҳар гурўҳ капитани худро дорад. Бо ишора ё ҳуштаки баранда капитанҳо тўбҳоро ба тарафи бозингарони худ ҳаво медиҳанд.
Бозингарон бояд кўшиш кунанд, ки бо тўб ҳарифони худро зананд. Агар тўб ба иштирокчие расид, гурўҳ як хол ба даст меорад. Бозӣ танҳо 3 дақиқа давом мекунад ва кадом гурўҳ холи зиёд ба даст оварда бошад, ғолиб ҳисобида мешавад.

Шарти панҷум. “Сайругашт”. Чорабинии номбурда дар марғзор ё қитъаҳои наздимактабӣ идома меёбад. Дар он ҷой озмунҳои шавқовар гузаронида мешавад:

пешина
аз 80
навбатӣ