ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Олимон ҳисоб кардаанд, ки баъди кашидани ҳар як сигор умри инсон 15 дақиқа кўтоҳ мешавад.
Майзадагӣ – одати бад буда, ба бемориҳои меъдаю рўда ва вайроншавии тамоми организм оварда мерасонад. Ин одати бад хусусан барои наврасон хеле зарар дорад. Ҳатто якчанд қатраи машруботи спиртӣ метавонад организмро сахт олуда созад.
Маводи нашъадор ё нашъаовар – моддаҳои махсусанд, ки организми инсонро вайрону бемор мекунанд. Бо як бору ду бор истеъмол кардани нашъа, одам одат пайдо мекунад.
Дар ў бемории нашъамандӣ пайдо мешавад, ки табобати он хеле вазнин ва душвор аст. Маводи нашъаовар, пеш аз ҳама, ба майнаи сари одам таъсири манфӣ расонида, онро вайрон мекунад ва оқибат ба марг оварда мерасонад. Фурўхтани нашъа ҷиноят аст ва барои ин гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Дўсти ҷавон! Барои солим мондан ҳаргиз тамоку накаш, арақ нанўш ва ба нашъа даст нарасон!
Тарзи ҳаёти солим бурдан – ин риояи мунтазами қоидаҳои ҳифзи саломатист: тозагиро риоя кун, ғизоро дуруст бихўр, бештар ҳаракат кун ва одатҳои бадро қабул накун.
§25. МАСЛИҲАТҲО:
САЛОМАТӢ – БОИГАРИИ МОСТ
Дўсти ҷавон! Мо кўшиш кардем, ки то андозае шуморо бо мавзўъҳои ҳифзи саломатӣ шинос кунем, чунки дар ҷаҳон барои инсон аз саломатӣ дида, чизи қиматтар нест.
Вале онро ба осонӣ дарёфт кардан наметавон. Агр ҳар кас дар зиндагӣ қоидаҳои беҳдошти гигиенӣ ва санитариро риоя кунад, саломатиаш бештар ҳифз карда мешавад. Маҳз ба туфайли риояи талаботи гигиена, одамон метавонанд аз бемориҳо худро то андозае эмин нигоҳ бидоранд.
Саҳари барвақт аз хоб хеста, ба варзиши бадан машғул шавед ва сару тани худро ҳатман (агар ҳаво хунук набошад) бо оби хунук бишўед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё