ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Мушкили асосии табобати фарбеҳшавӣ дар он аст, ки падару модарон фарбеҳ будани кўдакро нишони солимии ў меҳисобанд ва чунин бачаҳо сари вақт табобат намегиранд. Одатан волидони наврасони ба ин беморӣ дучоршуда бо аломатҳои зуд хасташавӣ, дарди сар, дарди дилу шикам ба духтур муроҷиат мекунанд, лекин намедонанд, ки ин аломатҳои бемории фарбеҳшавӣ аст.
Дар миёни хонандагони синни хурди мактабӣ ду омили асосии зиёдшавии вазн дида мешавад: камҳаракатӣ ва пурхўрӣ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар реҷаи рўзи чунин наврасон машқҳои пагоҳирўзӣ тамоман дида намешавад. Инчунин онҳо ба бозиҳои компютерӣ бисёр аз ҳад зиёд машғул мешаванд ва чунин хонандагон ба камҳаракатӣ одат мекунанд. Баъзе аз чунин хонандагон ҳатто вазифаҳои дарси тарбияи ҷисмониро иҷро карда наметавонанд ё дар чунин дарсҳо иштирок намекунанд.
Одатан рафтору кирдори онҳо тағйир меёбад. Наврасони фарбеҳ худро нороҳат ҳис мекунанд, аз ҳамсолон дар фаъолиятҳои ҷисмонӣ қафо мемонанд. Духтарҳо нисбати писарҳо барои қаду қоматашон азоби рўҳӣ мекашанд.
Дар бештар ҳолат аз тарафи падару модарон аз меъёр зиёд хўрондани кўдакону наврасон сабаби ин беморӣ мебошад.
§24. ОДАТҲОИ БАД
Тамокукашӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ аз ҷумлаи одатҳои бадтарин ба ҳисоб мераванд, ки гоҳе дар байни наврасон низ ба мушоҳида мерасад. Ин одатҳо инчунин барои одамон зарар мерасонанд.
Тамокукашӣ барои узви нафаскашӣ ва тамоми организм зарар дорад. Наврасе, ки тамоку (сигор, нос) мекашад, сабзиши ҷисми ў маҳдуд аст, зуд хаста мешавад, аз дарсҳо қафо мемонад ва зуд-зуд бемор мешавад. Чунки дар таркиби тамоку моддаи зараровар – никотин мавҷуд аст. Одаме, ки тамоку намекашад, шушаш ранги гулобӣ дорад ва одаме, ки тамоку мекашад, ранги шушаш хокистарӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё