ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Қоидаҳои дастшўйӣ:
Остинро ба боло таҳ кунед Ҷумаки обро кушоед Дастҳоро тар кунед Собунро бигиред Собун ва дастҳоятонро тар кунед Ба дастҳоятон собун бимолед Собунро дар ҷояш бимонед Бо ангуштон собунро ба банди даст, миёни ангуштон ва кафи дастон бимолед Бо об дастонатонро бишўед Ҷумаки обро маҳкам кунед Бо сачоқ дастонатонро пок кунед Сачоқро дар ҷойяш бимонед Остинҳоро кушода, тугмаҳояшонро бибандед.
Дастҳоро бояд дар се мавриди асосӣ шуст:
- Баъди бозӣ, вақти аз кўча ба хона омадан.
- Пеш аз истеъмоли ғизо.
- Баъд аз қазои ҳоҷат.
§11. БЕҲДОШТ ВА НИГОҲУБИНИ ДАНДОН
Одами калонсол 32 дандон дорад. Онҳо дар ҷоғҳои
боло ва поён 16-тоӣ ҷойгиранд. Хўрокро бо дандон хоида
мехўранд. Дандон аз берун бо моддаи сахт, яъне бо сир пўшида шудааст. Сири дандон монанди шиша нозук аст. Агар
баъди хўроки гарм дарҳол оби хунук нўшанд, эътимоли
кафидани сири дандон пайдо мешавад. Ё бо дандон шикастани чормағз, донаи зардолую писта ҳам ба сири дандон
таъсири манфӣ мерасонад. Зеро дар ҷойи кафидаи дандон
хўрок монда, дар он микробҳо афзоиш меёбанд. Пасмондаҳои хўрок дар байни сўрохиҳои дандон монда, ба зиёдшавии микробҳо мусоидат мекунанд. Ҷойи кафидаи дандон
оҳиста-оҳиста калонтар шуда, аз гармию хунукӣ дард мекунад. Дандонҳо инчунин ба сабаби саривақт ва мунтазам тоза накардан низ дард мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё