ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ҳамаи ин фаъолиятҳо бо даст иҷро карда мешаванд. Дар ҳамаи ин ашё чангу ғубор, хок мавҷуд аст, ки дастҳо чиркин мешаванд ва мо инро на ҳама вақт мебинем. Агар мо дастҳоямонро пеш аз хўрок хўрдан нашўем, эҳтимоли бемор шудан вуҷуд дорад. Инчунин агар бо дастҳои ношуста чашмҳоро тоза кунем, метавонад чашм бемор шавад. Дастҳои чиркин либос, китоб, дафтарро низ ифлос мекунанд.
Аз ин рў, ҳамеша ба тозагии дастҳо диққати махсус дода, онҳоро зуд-зуд шустан зарур аст: пагоҳӣ ва бегоҳӣ, баъди бозӣ, ғундоштани хона, бозӣ бо сагу гурба, баъди ҳоҷатхона ва ғайраҳо. Дастҳоро ҳамеша пеш аз хўрокхўрӣ бо собун шустан лозим аст. Саволе ба миён меояд – чаро? Зеро дасти ношуста хўрокро заҳролуд мекунад ва сабаби беморӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё