ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

БОБИ 2.
БЕҲДОШТИ (ГИГИЕНА) ШАХСӢ
§9. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БЕҲДОШТИ ШАХСӢ
Беҳдошт ё гигиена самти асосии соҳаи тиб буда, воситаҳои таъсир расондани табиат, муҳит ва корро ба организми инсон меомўзад. Қоидаҳои беҳдошти шахсӣ вобаста ба синнусол, ҷинс ва ҳолати саломатии шахс муайян карда мешавад.
Қоидаҳои беҳдошти шахсӣ шарти муҳими зиндагӣ ва рушди инсон мебошанд. Хонандагон бо омўзиши онҳо дар бораи роҳҳои мустаҳкамкунии ҳолати саломатӣ маълумот пайдо карда, тавассути онҳо маҳорату малакаи зарурии зиндагии худро такмил медиҳанд.
Гигиена таъсири муҳиту фаъолиятро ба ҷисму бадани одам, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, нигоҳ доштани саломатӣ ва умри дароз доштанро меомўзонад.
Беҳдошти шахсӣ дар маҷмўъ қоидаҳои гигиенӣ мебошанд, ки саломатии шахсро мустаҳкам ва нигоҳ медоранд.
Риояи гигиенаи шахсӣ барои ҳар як фард хоҳ хурд бошад, хоҳ калон шарт аст. Нигоҳубин ва мустаҳкам намудани саломатӣ бе риояи қоидаҳои гигиенӣ ғайриимкон мебошад.
Омўзонидану иҷрои қоидаҳои беҳдошти саломатӣ на танҳо дар мактаб, балки дар хона низ зарур аст, зеро он қобилияти корӣ ва ҳолати рўҳиро баланд ва беҳтар мегардонад.
Қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, аз ҷумла беҳдошти дасту пой ва қоидаҳои дастурўшўйӣ, беҳдошти дандон ва шустушўи бадан, машқҳои ҷисмонӣ, беҳдошти чашм, гўшу бинӣ, пўсти бадан, тоза нигоҳ доштани либосро дар бар мегирад.
§10. БЕҲДОШТИ ДАСТ. ҚОИДАИ ДАСТШЎЙӢ
Дасти одам нисбати дигар узвҳо бо ашёи гирду атроф
зиёдтар сару кор дорад. Аз ин рў, дастони инсон бисёртар
чирку ифлосиро қабул мекунанд ва хусусан дар зери нохунҳои даст микробҳо пайдо мешаванд. Хонандагон дар давоми рўз ҳавлию хона мерўбанд, сабзавот тоза мекунанд, бо тўб бозӣ мекунанд ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё