Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Барои он ки дандонҳо доимо сиҳат бошанд, қоидаҳои нигоҳубини онҳоро риоя кардан шарт аст:
Баъди хўрок даҳонро бо оби гарм обгардон кунед.
Ҳар рўз дандонҳоро бо мисвок ва хамири дандоншўйӣ бишўед.
Мисвокро на танҳо ба тарафи росту чап, балки ба боло ва поён ҳам ҳаракат дода дандонҳоро тоза кунед. Дандонро ҳам аз тарафи дарун ва ҳам аз тарафи берун шустан лозим аст.
Ҳар кас бояд мисвок ва хамираи дандоншўйии худро дошта бошад.
Хамираи дандоншўйиро мувофиқи синнусол (барои хурдсолон ва калонсолон) интихоб мекунанд.
Баъди хўрок хўрдани себ баманфиат аст, зеро пасмондаҳои хўрокро тоза мекунад.
Дар як сол ду маротиба барои ташхиси дандон ба назди духтури дандон рафтан зарур аст.
§12. ШУСТУШЎЙИ РЎЙ
Маълум аст, ки одамон ҳар рўз рўй мешўянд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ одамон дар як ҳафта як бор нею ҳар рўз рўй мешўянд? Барои он ки рўй, гардан ва гўш бо либос пўшонда намешавад. Аз ин рў онҳо чангро зуд қабул мекунанд, ки бо равғани пўст олуда мешавад.
Дар як рўз шустушўйи рўй на бояд аз ду маротиба кам бошад, яъне пагоҳӣ баъди аз хоб хестан ва бегоҳӣ пеш аз хоб рафтан. Баъзан рўзона ҳам, баъди бозӣ, кор дар ҳавлӣ, баъди аз мактаб баргаштан, дасту рўй шустан ба мақсад мувофиқ аст.
Барои шустушўйи рўй об, сачоқ, собун истифода бурда мешавад. Сачоқ бояд ҷойи муайян дошта бошад. Аввал либоси рўро (костюм, кофта) мекашанд ва тайи курта монда ба шустани рўй оғоз мекунанд. Дар ибтидо дастонро бо собун шуста, баъд рўйро мешўянд. Зеро рўйро танҳо бо дастони тоза шустан мумкин аст. Аз рўйи тартиб собунро ба рўй, гўшҳо ва гардан молида, онҳоро шуста, бо оби тоза обгардон мекунанд. Аз оби даруни тағора ё зарфи дигар дасту рўй шустан мумкин нест, рўйро танҳо бо оби равону тоза шустан лозим аст. Сипас бо сачоқ онро то хушк шудани пўсти рўй тоза мекунанд, агар дуруст хушк накунанд, пўст оҳистаоҳиста дар ҳавои сард мекафад.
Баъди пок кардани рўй агар сачоқ тоза монад, ин далели тоза шустани рўй аст, агар баръакс мушоҳида шавад, боз аз нав шустани рўй зарур мешавад. Ин амалро метавонанд дар оина санҷанд, яъне тоза шустанд ё не?
Баъди анҷоми шустушўйи рўй сачоқу собун дар ҷойҳои муайян гузошта мешаванд. Оё ҳама аз як сачоқ истифода бурда метавонанд? Албатта, не. Ҳар як одам бояд сачоқи шахсии худро дошта бошад.

§13. БЕҲДОШТИ ГЎШУ БИНӢ
Гўш узви шунавоӣ мебошад. Маҳз бо гўшҳо овозҳои гуногун: садои об, овози боду борон, суҳбати одамонро мешунавем ва онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунем.

пешина
аз 80
навбатӣ