Бачаҳои чобуксавор

— Дастурамали кайҳоннавардӣ беасос таъкид намекунад, ки дар сайёраҳои ношинос дар ҳар қадам ҳушёр будан лозим аст. Наомӯхтаю насанҷида ҳар чизро истеъмол кардан мумкин нест.
— Барои ҳамин, — сухани ӯро қувват дода, гуфт Илҳом, — ба дарё аввал ман медароям. Месанҷам, ки оби он чӣ хел. Баъд ту ҳам метавонӣ, бемалол шустушӯ кунӣ.
Оби дарё ширгарми безарар будааст. Баъди тафтиши эҳтиёткоронаи Илҳом, Моҳира ҳам худро ба об андохт. Онҳо бо хандаю шӯхӣ муддаои табъ оббозӣ карданд. Об аз пайкари онҳо гӯё ки тамоми кӯфтагии роҳро баровард. Онҳо аз модар нав ба дунё омадагӣ барин ҳушёру бардам шуданд.
— Соати ман акнун ёздаҳуниму чаро ин ҷо якбора бегоҳ шуда монд? — ба ҳайрат монда, пурсид Илҳом.
— Бин, офтоб аллакай ғуруб карда истодааст.
— Рӯзи ин сайёра аз рӯзи мо се баробар кӯтоҳдия, — фаҳмонд Моҳира. — Биё, торик нашуда барвақттар ба ана вай ҷангалзор расида равем.
— Рафтем! — розӣ шуд Илҳом.— Шамол аз ҳамон тараф бӯйи дуд меовард. Ана, диққат кун.
Эҳтимол, он ҷо одамоне ҳастанду таом мепазанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё