Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин вақт Моҳира худ ба худ ба ҳуш омада, хесту нишаст ва ба атроф бо ҳайрат чашм давонда пурсид:
— Ин ҷо куҷо? Ман чаро хобидаам?
— Якбора беҳуш шуда, заҳраамро қариб кафондӣ, — гуфт Илҳом дар ҷавоб. — Хез, дасту рӯятро шӯй. Ба худ меоӣ.
— Ман беҳуш шудам? — боз пурсид Моҳира.
— Ҳа, маст шудӣ, аз ҳуш рафтӣ. Туро бардошта омадам, — фаҳмонд Илҳом.
— Наход? – ҳайрон шуд Моҳира. — Воқеан, гулдаста канӣ, Илҳом?
— Ман онро партофтам, — гуфт Илҳом.
— Афсӯс! – гуфт Моҳира. — Вай чунон хушрӯю хушбӯй буд, ки мехоҳам, ту ба ман аз ҳамон боз якто сохта диҳӣ.
— Ту дигар он гулҳоро ҳаргиз бӯй намекунӣ.
— Барои чӣ?
— Бӯйи кадом як гули ин сайёра барои мо заҳр аст. Ман вақт ёбам, таркиби онро санҷида мебинам, — гуфт Илҳом.
— Туро ин қадар ба ташвиш монондаам, мебахшӣ, — узрхоҳӣ кард Моҳира, ба таги гап акнун сарфаҳм рафта.

пешина
аз 50
навбатӣ