Бачаҳои чобуксавор

Чунки баъди таҳлили химиявӣ маълум шуд, ки одам онро ба об ҷӯшонда хӯрад, фаъолияти тамоми узвҳои баданаш барқарор мегаштааст. Илҳом акнун аз оқибати таъсири манфии ҷавҳари НК наметарсид. Бовар дошт, ки бо доруи нав ӯ худро пурра табобат хоҳад кард.
Мошини ҳарҷогард босуръат ба ҳаво баланд шуд, аз болои шаҳр се бор давр зада, баъд ба қафои кӯҳи қулласафед парвоз карда рафт.
Киштии кайҳонӣ дар ҷойи худ, рӯйи қолини гулҳои даштӣ сарфарозу дурахшон истода буд.
Сайёҳон атомпланро ба киштӣ дароварданд, худ низ баромада, ба паси пулти идоракунӣ нишастанд. Муҳаррикҳо ба кор даромаданду киштии пуриқтидор аз домани кӯҳ беозор бардошта шуд.
Вай суръати худро афзуда, ба мадор баромад, то ки баъди ду–се даври муқаррарӣ роҳи дуру дарози низоми офтобиро пеш гирад.
— Хайр, эй Чобук ва чобукиёни азиз! — гуфт Илҳом, чашм аз иллюминатори киштӣ наканда.
— Мо туро як умр ба некӣ ёд мекунем, — сухани ӯро қувват дод Моҳира.
Пас аз бисту чор рӯзи парвоз алоқаи радиои киштӣ бо сайёраи Муштарӣ барқарор шуд. Ба ин восита аз бозгашти Моҳираю Илҳом тамоми аҳолии низоми офтобӣ воқиф гашт.
Моҳираю Илҳом ҳанӯз ба Замин нарасида, Ассотсиатсияи низоми офтобӣ ба онҳо унвони фахрии «Бачаҳои Чобуксавор»-ро дод.
Дар ҳамин ҷо мо ҳикояти худро ба охир мерасонем. Фақат таъкид кардан мехоҳем, ки Илҳому Моҳира аз кӯдакӣ ба саёҳату саргузаштҳои аҷиб шавқи калон доштанд. Онҳо тамоми адабиёти дастраси илмӣ – фантастикиро мехонданд, таассуроти худ-ро ба ҳамдигар ва шарикдарсон мегуфтанд. Ягон кинофилм ё намоишномаи телевизионии фантастикӣ набуд, ки онҳо тамошо накарда бошанд.
Моҳираю Илҳом худро баъзан дар сафарҳои дур, дар ҷаҳони бегона, дар шароитҳои ғайриодӣ тасаввур мекарданд. Рағбати бузурги донистани асрори олам фикри онҳоро ба парвоз меовард.
Қиссаи мо ҳам яке аз фатазияи бойи онҳост.
Дар хотима биёед, дӯстон, ҳамаамон ба таҳсили илму корҳои ҷамъиятии ин «Бачаҳои Чобуксавор» комёбиҳои тоза ба тоза орзу кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё