Бачаҳои чобуксавор

Ғайр аз ин дар Замин ҳам дуяшон аз синфи якум сар карда ҳамроҳ хонданд.
Илҳому Моҳира анҷомҳои заруриро ба кӯлвор андохта, дари мушакро қулф карданд ва рӯ ба ҷануб эҳтиёткорона ба роҳ даромаданд. Аз нури офтоби кабудчатоби нав тулӯъ карда сатҳи дарёчаи пурпечутоб, ки аз водии паст ҷорӣ мешуд, мисли симоб ҷарақ-ҷарақ медурахшид. Аз қабати алафи шабнамхӯрда дам ба дам малах ва парандаҳои майдаи ранга фир-фир парида мерафтанд.
Илҳом, ки пеш-пеш қадам мезад, хам шуда гулҳои шукуфони сари роҳашро канда мегирифт.
Баъди якчанд дақиқа ӯ гулдастаи базебе сохта, ба Моҳира тақдим кард. Маълум, ки мисли тамоми духтарон Моҳира ҳам гулро нағз медид. Барои ҳамин хурсанд шуда, ба Илҳом ташаккур гуфт, гулдастаро зуд ба лабу рӯйи худ ҷафс кард ва ҳарисона бӯйидан гирифт.
Илҳом ба хотир овард, ки онҳо дар Замин дар давраи таҳсил чӣ хел ба беруни шаҳр экскурсияҳо ташкил мекарданд.
Муаллими ботаника хусусияти ҳар як сабзаву гул ва набототро ба хонандагон фаҳмонда медод.
Аз рӯйи нақли муаллим, гул барои он хушрангубӯ мешудааст, ки диққати ҳашарот ва ҳатто одамонро ба худ ҷалб кунад. Он мехостааст, ки гарду тухмаш ба рӯйи замин ҳар чӣ бештар паҳн шавад.
— Ҳо-ой! Ин қадар ба куҷо метозӣ? — шунида шуд овози Моҳира аз дур.
Илҳом дид, ки Моҳира хеле ақиб мондааст, аз роҳаш истод, ба вай мунтазир шуд. Вале Моҳира шитоб намекард, якта-якта қадам мемонду гулдастаро байрақчавор боло бардошта меҷунбонид.
— Биё, борхалтаатро ман гирам, — гуфт Илҳом, вақте ки Моҳира наздик омад. — Аз авзоят ту монда шудаӣ.
— Монда шудаам? Ман? — пурсид Моҳира, даст ба сари дил зада. Баъд рӯ ба осмон карда, вай чунон қаҳ-қаҳзанон хандид, ки акси садои ӯро ҳатто кӯҳ такрор намуд.
— Чӣ ин қадар механдӣ? — гуфт Илҳом, ҳайрон шуда.
Ба ҷойи ҷавоб Моҳира боз ҳам баландтар хандиду кӯлворашро ба рӯйи алаф ҳаво дод ва гирдогирди он дастонашро ёзонда ба рақс даромад.
— Ягон воқеаи аҷиб рӯй дода бошад, гӯй, ман ҳам хандам, — хоҳиш кард Илҳом, аз ин рафтори ғайриодии Моҳира бештар тааҷҷуб карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё