Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

РАЗВЕДКА БА ҶАНГАЛ
Киштии кайҳонӣ ба даште фуруд омад, ки дар шафати як кӯҳи қулласафед доман паҳн карда буд. Рӯйи даштро қолин барин гулҳои рангаи шукуфон мепӯшид. Асбоби иқлимсанҷи мушак ба мусоид будани обу ҳавои атроф ишорат мекард.
Бинобар ин Илҳому Моҳира бе хавотир люки поёни киштиро калон кушоданд ва бе скафандр ба берун баромаданд.
Илҳом аз ҳавои тозаи саҳаргоҳон чуқур-чуқур нафас кашиду хурсанд шуда, гирдогирди мушак тохт ва шавқун карда гуфт:
— Эҳ, чӣ хел нағз! Осмони кушод, марғзори сабзу хуррамзамини худамон барин. Балки аз вай ҳам зеботар.
— Аз пода пеш чанг накун! — коҳиш кард ӯро Моҳира. — Аввал донистанамон даркор, ки дар ин қитъа чӣ хел махлуқҳо зиндагӣ мекунанд. Ин қадар беҳуда надавида, беҳтараш, зудтар дари мушакро маҳкам кун. Ба разведка меравем.
Бо вуҷуди бачаи шӯх буданаш Илҳом гапи Моҳираро намегардонд. Ӯро аз таҳти дил ҳурмат мекарду ҳар чӣ фармояд, бе гапи зиёдатӣ ба ҷо меовард.
Охир онҳо дар кайҳон дуру дароз парвоз карда, бо якдигар дӯсти қарин шуда буданд.
5 Разведка – таҳқиқ, кашф кардан
6 Мушак – дастгоҳи парвозкунандаи кайҳонӣ
7 Дарича – даричаи сарпӯшдори киштии кайҳонӣ
8 Скафандр – либоси махсуси кайҳоннавардон

пешина
аз 50
навбатӣ