Бачаҳои чобуксавор

Моҳира якбора рақсу хандаро бас карда, ба Илҳом наздик омад ва бо чашмони нимпӯшу табассуми ширин сари ӯро силакунон гуфт:
— Илҳомҷон, ҷонаки ман! Ғами маро нахӯр.
Монда нашудаам, ҳа, монда нашудаам. Ман кӯҳро занам, талқон мешавад. Бовар намекунӣ? Не?
Мехоҳӣ, туро бо кӯлворат якҷоя бардошта ҳаво диҳам? Ман зӯр, Илҳомҷон, парво накун. Аммо ҳозир камтар хобиданам даркор. Уфф!
Баъди ин Моҳира калавида-калавида назди борхалтааш рафту оҳиста ба рӯйи алаф ғел зад ва гулдастаро аз нав ба даҳону бинии худ пахш кард.
— Бӯй накун! Парто! — фарёд зад Илҳом ва давида рафта гулдастаро аз қабзаи Моҳира кашида гирифту ба дур ҳаво дод.
Оре, Моҳира масти аласт шуда буд: қиғос мезад, механдид, суханҳои берабт мегуфт. Илҳом дарҳол фаҳмид, ки ин аз нашъаи ҳамон гулдаста асту бӯйи кадоме аз ин гиёҳҳои сайёраи Чобук сари одамро гаранг ва ақлашро тира мекунад.
«Эҳтимол, бӯйи гули арғувон бошад», — аз дил гузаронд, Илҳом.
То ин муддат Моҳира сафсатаҳояшро бас карда, хомӯш шуд ва аз ҳуш рафт. Илҳом ӯро чаққон бардошта ҷунбонд, силтав дод, ҳатто як шаппотӣ ба рӯяш зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё