Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пешхизматҳо ба амри Қолабшоҳ барои Илҳому Моҳира беҳтарин хобгоҳи қасрро ҷудо карданд. Ба катҳои он кӯрпаву рӯйҷойҳои нав андохтанд. Ба рӯйи миз ҳар гуна меваю шарбат оварда монданд.
Илҳом хурсанд шуд, ки кораш ин қадар ба осонӣ барор мегирад. Аммо табиати Моҳира ҳеҷ кушода намешуд, дилашро ким-чӣ хел андешаҳои мудҳиш фишор медод. Аз ин авзои Моҳира пай бурда, Илҳом гуфт:
— Аз афтат, ту хеле монда шудаӣ. Барвақт хоб кун Моҳира.
— Ман монда не, балки зиқ шудам, — гуфт Моҳира.
— Барои чӣ? Аз чӣ зиқ шудӣ?
— Аз рафтору кирдори ту.
— Ман чӣ кори ношоям кардам?
— Чаро худсарӣ мекунӣ? Чаро бе маслиҳат ҳар гапро мезанӣ.
— Кадом гапам ба ту нафорид?
— Ба Қолабшоҳ шарту шурт ҳар хел талаб мондан лозим набуд.
Магар талабҳои ман нодуруст? — ҳайрон шуд Илҳом.
— Албатта, нодуруст! — гуфт Моҳира. — Ту масъалаи ҳукми қатли Сиёҳаку Заррина ва озуқавории деҳаи Зарангро монӣ ҳам, дар бораи фавран дафъ шудани худи Қолабшоҳ набояд даҳон мекушодӣ.
Фаромӯш накун, ки душман — душман аст. Вай ҳуқуқ, мавқеъ ва ҳокимияти худро ба осонӣ аз даст намедиҳад.
— Мо қувва дорем, яроқ дорем, ҷавҳари НК дорем. Аз чӣ ин қадар метарсӣ ту? — қаҳр кард Илҳом.
— Ман наметарсам, — гуфт Моҳира. — Лекин эҳтиёт нисфи ҳаёт, мегӯяд дар ҳикмати халқ. Мусолиҳакории ту тамоми нақшаҳои моро барбод доданаш мумкин. Дар он сурат на фақат ба як худи ману ту, балки ба ҳама аҳолии Чобук азобу шиканҷаҳои нав таҳдид мекунад.
— Ҷинсаш духтар воҳимачӣ будааст-дия! — гуфт Илҳом, лабонашро бурма карда. — Э, рав-раве! Ба ман бовариат набошад, донистагии худро кун. Ман дасту пойи туро баста намондаам.
Илҳому Моҳира бо ҳамин ҷангӣ шуданд, то бурдани хобашон дигар бо ҳам гап назаданд. Мебахшед, ман ин ҷо «то бурдани хобашон» гуфта андак саҳв кардам. Чунки хоби Илҳом зуд бурда бошад ҳам, дар асл Моҳира то як поси шаб мижа таҳ карда натавонист. Вай дар ҷогаҳ мӯйи оташдида барин ба худ мепечиду оби талхи дидагонаш болиштро тар мекарданд.

пешина
аз 50
навбатӣ