Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МУЛОҚОТ ДАР ҚАСР
Қолабу шарикони ӯ дар ҳақиқат ҳам махлуқҳои аҷинабашара буданд. Мӯйсари роғаи сихзадаистода, пешонаи дунги мисли ғуррӣ нофармон, чашмони чуқур фурӯрафтаи милтосӣ, даҳони бефаровези хардандон, гулӯи кӯтоҳу ғафс, танаи бочка барин кулӯла ва дасту пойҳои каҷалаку серпашми онҳо дили ҳар як бинандаро ба ҳарос меовард.
Қолабшоҳ бовиқор дар тахт менишаст. Аҷинаи гулдастадор чун вазир аз паҳлуи ӯ ҷой гирифта буд. Вале дигар аҳли дарбор ва пешхизматҳо одамчаҳои муқаррарии чобукӣ буданд, ки ҳама ба назар лӯхтак барин озода ва хушлибос менамуданд.
Пешхизматҳо барои Илҳому Моҳира курсичаҳои нарм оварда, рӯ ба рӯйи Қолабшоҳ гузоштанд. Сайёҳон ба он курсиҳо нишастанд. Аз дидани афту башараи шоҳу вазир дили Моҳира беҳузур шуд. Барои ҳамин ҳаддалимкон кӯшиш мекард, онҳоро набинад. Вай чашм ба ҷиҳози толор медӯхт. Намуди толор зебо буд. Фарши онро қолинҳои сурхи гаронбаҳо, шифташро қандилҳои булӯрӣ оро медоданд.
Хизматгорон дар як нафас дастархони рӯйи мизро бо сад хел нозу неъмати лазиз оростанд.
Қолабшоҳ дасти нозебашро ёзонда, бо ишораи «марҳамат» меҳмононро ба хӯрок таклиф кард.
Илҳом, ки аз афташ гушна монда буд, парвои олам накарда, ба таомхӯрӣ даромад. Аммо иштиҳои Моҳира ҳанӯз баста буд, бинобар ин чизе ба даҳон нагирифт.
Хушбахтона, Қолабшоҳ камгап будааст. Дар вақти таом байни ваю Илҳом чунин як муколамаи мухтасар ба вуқӯъ омад:
— Аз куҷо?
— Аз Замини низоми офтобӣ.
— Кай?
— Панҷ шабонарӯз шуд.
— Матлаб?
— Омӯхтани ҳаёти сайёраҳои маскуни дохили Галактикаамон.
— Аз мо?
— Чӣ «аз мо?» — пурсид Илҳом.
— Аз мо чӣ мехоҳед?
— Бисёр чиз.
— Яъне?
— Якум, ҳукми қатли Сиёҳаку Заррина фавран бекор карда шавад.
— Хош?
— Дуюм, озуқавории деҳаи Зарангро зуд бар- гардонед.
— Боз?
— Сеюм, аз ҳама муҳиммаш, ту ва ин шарикат аз куҷое ки омада бошӣ, ба ҳамон ҷо дафъ шав.
— Тамом?
— Ҳоло ҳамин, — гуфт Илҳом, таппончаашро бозӣ доронда.
Қолабшоҳ сипоҳигариро аз даст додаю тарсида, илтимос кард, ки имшаб онҳо меҳмони қаср шаванд, истироҳат кунанд.
Оид ба талаботи кайҳоннавардон худи пагоҳ қарори дарбор маълум карда мешавад.
— То пагоҳ сабр кардан мумкин, — розӣ шуд Илҳом ва аз Моҳира пурсид: — Ба ин маслиҳат ту чӣ мегӯйӣ, Моҳира?
Барои чӣ бошад, ки Моҳира ҷавоб надода, лаб газиду хомӯш монд. Бо ишораи шоҳ ба миёнаҷойи толор гурӯҳи машшоқон ва раққосаҳои ҳарирпӯш баромаданд. Ҳамаи онҳо мардуми маҳаллӣ буда, хандаю табассумҳои сохта ва шарораи ҳузнангези чашмонашонро ниҳон карда наметавонистанд.
Аз рақсу сурудашон низ ба ҷойи фараҳу нишот оҳанги ғаму андуҳ садо медод. Як духтараки рангу рӯяш заъфарониву нигоҳаш маъюс тарона хонд.
Суруди вай аз тарона дида бештар ба нолаю навҳа шабоҳат дошт...

пешина
аз 50
навбатӣ