Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ташрифи меҳмонҳои кайҳонӣ ба шаҳр зуд овоза шуд. Ҳама гурӯҳ-гурӯҳ мешитобанд, ки автомашинаи зиреҳпӯшро аз наздик тамошо кунанд ва ронандагони паҳлавонҷуссаю хандонрӯйи онро бинанд. Мазмуни кор, ин хабар ба аҳли дарбор низ расонида шуд. Чунки атомплани Моҳираю Илҳом ҳанӯз ба қалъа нарасида, ба истиқболи онҳо дарвозаҳоро калон кушода буданд.
Атомплан ба қалъа расам–нарасам, ногаҳон аҷинаи дӯнгпешонае аз қафои дарвоза давида баромаду бо автомат ба тарафи ҳарҷогард як навбат тир кушод. Тирҳои автомат, чун сангчаҳо ба сатҳи бетон, ба зиреҳи атомплан бархӯрда, бетаъсир чошу пош шуданд. Роҳгузарон аз тарс оҳу фиғон бардоштанд. Илҳом таппончаи лазериашро ба аҷинаи автоматдор гардонда, куланги онро пахш кард.
Ресмон барин шуое, ки аз мили туфанг баромад, он ғаддорро дар фурсати як мижазанӣ чунон сӯхта партофт, ки дар ҷойи истодаи ӯ ба ҷуз дуди сафедтобу андак хокистари зардчаранг ному нишоне боқӣ намонд.
Қудрати таппончаи лазерӣ дӯсту душманро қоил кард.
Чобукиёни ҷамъомада Илҳомро бо ангушт ишорат карда, ба муъҷизакории ӯ таҳсин ва офарин мехонданд.
— Шукр, як аҷина ба ҷаҳаннам рафт, — мегуфтанд онҳо, хурсанд шуда.
Аҷинаи дуюм аз даруни қасри шоҳ ҳамчун нишонаи сулҳ гулдаста бардошта баромад.
— Ин гапи дигар! — гуфт Илҳом, аз кабинаи атомплан берун омада ва ба ҳар эҳтимол яроқашро омодаи парондан дар дасташ нигоҳ дошт.
Аҷинаи гулдастадор давида назди Илҳом омаду дуқат шуда гуфт:
— Қолабшоҳ аз меҳмонҳои гиромӣ узр мехоҳад, ки падарқусури Моку ин хел беодобӣ кард.
— Моку кӣ? — пурсид Илҳом.
Вакил бо ангушт ҷойи аҷинаи маҳвшударо нишон дод. Илҳом хитоб кард:
— Қисмати ҳар касе, ки қасди ҷони мо мекунад, ҳамин аст.
— Қолабшоҳ узр мехоҳад ва шуморо ба қаср даъват мекунад, — гуфт аҷинаи гулдастадор.
Моҳира низ бо ишораи Илҳом аз кабинаи ҳарҷогард баромад. Онҳо дари атомплани зиреҳпӯшро маҳкам карда, дар иҳотаи хизматгорони дарбор ба қаср раҳсипор шуданд.
Ҳангоматалабони роҳгузар аз назди дарвозаи қалъа ҳанӯз дур нашуда, ба кайҳоннавардони шуҷоъ ва машинаи ғалатии онҳо бо муҳаббат ва кунҷковӣ чашм медӯхтанд

пешина
аз 50
навбатӣ