Бачаҳои чобуксавор

Чӣ илоҷ? Табиат дили духтаронро ҳамин тавр нозук ва ҳассос офаридааст. Ҳар як гапи сахт, ҳар як воқеаи ногувор вуҷуди онҳоро ба изтироб меандозад.
Дар давоми ин сафари дуру дарози якҷоя Моҳира бори аввал медид, ки Илҳом дағалӣ ва бе маслиҳати ӯ кор мекунад. Пеш аз парвоз ба коинот онҳо оё чунин аҳд накарда буданд? Магар Илҳом он вақт «мо ҳамфикру ҳамдил мешавем» нагуфта буд? Пас, чаро вай имрӯз ба қавлаш наистод?
Барои чӣ эродҳои ҳаққонии Моҳираро рад кард?
Баъд аз ин Моҳира худро дар ин сайёраи дурдаст ва байни одамони ношинос бекасу танҳо ҳис кард.
Гиряаш омада, дилаш пур шуд. Чашму рӯяшро ба болишт пахш карда, беовоз пинҳонӣ хуб гирист.
«Хайрият, – гуфт вай дар охир худро тасалло дода.
– Ба ҳаминаш ҳам шукр. Сабр кардан даркор, вазнин шудан лозим. Беасос нагуфтаанд, ки «Аз ноумедиҳо басе умед аст, Поёни шаби сиёҳ сафед аст».
Рӯзи дигар воқеае рӯй дод, ки осмон гӯё ба сари Илҳом фурӯ рафт.
Илҳом баробари бедор шудан аз рӯйи одат аввал ба ҷойи хоби Моҳира чашм дӯхт. Ҷогаҳи Моҳира холӣ буду рӯйи болини ӯ як гул меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё