Бачаҳои чобуксавор

Баъд ҳар ду кайҳоннавард дари мушакро маҳкам карда, ба атомплан даромада нишастанду рӯ ба кӯҳсор раҳсипор шуданд. Ҳарҷогард беозор, вале бо суръати баланд пеш медавид. Аз иллюминатори фарохи дами пеши он манзараҳои атроф равшан намоён мешуд.
Сайёҳон як соат ҳам нагузашта, кӯҳро паси сар карданд. Дар қафои он диданд, ки водии сабзу хурраме доман паҳн кардааст. Роҳи на он қадар маъмури морпеч гоҳ аз байни ҷангал мегузашту гоҳ аз миёнаи киштзор. Деҳқонони чобукӣ автомашинаи ғайриодии кайҳоннавардонро дида, яке беҳаракат даҳон кушода мемонд, карахт шуда меистод, дигаре ҳаросон мегурехту даруни кулбачаҳо пинҳон мешуд.
Зироати ин водӣ, асосан ҷуворимакказорро ба хотир меовард. Ҳосили он лекин мисли боимҷони мо ранги сиёҳу ҷигарӣ дошту дар танаи ниҳол ҳамел-ҳамел овезон шуда меистод. Деҳқонон ҳосилро ба сабад андохта, бо булдогҳои боркаш ба анбор мекашонданд.
Дар даромадгоҳи деҳае сайёҳон як эълони калони ба тахта навишташударо дида, атомплани худро аз ҳаракат боздоштанд. Дар эълон гуфта мешуд, ки ҳар кас мурда ё зиндаи хоинони гуреза — Сиёҳак ва Зарринаро ба дарбори шоҳ пешкаш кунад, аз шаш то даҳ чалпак мукофот хоҳад гирифт. Аммо сайёҳон ҳеҷ фаҳмида натавонистанд, ки дар ин ҷо «чалпак» ба маънои ҳамон чалпаки мо мехӯрдагӣ аст ё дар сайёраи Чобук пулро ҳамин тавр меноманд. Ба ҳар ҳол дили онҳо ба ҳоли гунаҳкорони бегуноҳ сӯхт, симои Сиёҳак ва Зарринаи ҳалиму беозорро пеши назар оварда, бори дигар азм карданд, ки қасоси онҳоро аз Қолабшоҳ ситонанд.
Қарибиҳои шом аз пеши роҳ кӯли сербаре баромад. Даруни онро азбаски алафи ғулии қамишнамо зер карда буд, мошин шино карда наметавонист. Кайҳоннавардон маҷбур шуданд, ки аз болои кӯл парвозкунон гузаранд. Бевосита дар қафои кӯл як деҳаи сернуфус ба назар расид.
Моҳираю Илҳом дар ҳамин мавқеъ дам гирифтанӣ шуда, ҳарҷогарди худро ба замин фуроварданд.
Барои он ки аҳолӣ натарсад, онҳо атомпланро дар соҳили кӯл монда, худ ба деҳа пиёда равон шуданд.
Деҳа кулбачаҳои бисёр дошт. Дар теппачаи паҳлуи он ба ибодатхона монанд иморати нисбатан баланди равоқдор қомат рост карда буд.
20 Илюминатор – тирезаи даврашакл ва ё росткунҷамонанди дар болои киштӣ ва ё девори он насбкардашуда, ки барои ворид шудани нури рӯшноӣ ба дохили киштӣ хизмат мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё