Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷибаш ин, ки ҳама сокинони деҳа дар саҳни он бино ҷамъ омада буданду баробар гиря мекарданд. Чӣ ҳодиса рӯй дода бошад? Ягон кас магар вафот кардааст? Ё аз дур парвози атомпланро дида мардум тарсиданд?
Бо ҳамин гуна андешаҳо онҳо ба издиҳом наздик омаданд. Баробари дидани кайҳоннавардон одамон гиряро бас карда, моту мабҳут истоданд.
Як мардакчаи ришкалон ба Моҳираю Илҳом муроҷиат карда гуфт:
— Гӯед, ки шумо инсед ё ҷинсед? Бо кадом мақсад ба деҳаи мо қадам ранҷа кардед? Аз мо чӣ мехоҳед?
— Ором, дӯстон! — гуфт Моҳира, дасташро ҷунбонда. Овози ҷарангосии вай диққати ҳамаро ба худ ҷалб кард. — Мо ҳеҷ гуна ғаразу тамаъ надорем. Гӯед, ки ин кадом деҳа аст?
— Деҳаи Заранг, — ҷавоб дод ришкалон.
— Барои чӣ мегиред?
— Чӣ хел мо нагирему насӯзем, ки — гуфт марди ришкалон, — тамоми ҳосили ғундошта ва захираҳои хӯроки моро нӯкарони Қолабшоҳ гирифта рафтанд. Ин зимистон мо бо зану бачаҳои худ бе қути лоямут чӣ хел зиндагӣ мекунем?

21 Нӯкар – хидматгор, чокар

пешина
аз 50
навбатӣ