Бачаҳои чобуксавор

— Бо телевизор ман боре мавҷи Низоми бурҷи Ақрабро дошта будам, — суҳбатро давом дод Моҳира. — Аҷиб, ки дар яке аз сайёраҳои система низ бозии футбол ҷорӣ будааст.
— Аз кадом гӯшаи олам набошад, хислати махлуқони он ба ҳам монанд будааст, — хулоса баровард Илҳом. — Масалан, ҳамин Чобукро бин.
Сокинонаш лӯхтак барин майдаю, лекин оиласозиҳояшон айнан одамони мо барин.
— Дар ҳар ҷое, ки одам ҳаст, ишқу муҳаббат ҳам ҳаст-дия, — хамёза кашида, луқма партофт Моҳира. Бо ҳамин хоби кайҳоннавардони ҷавон бурд.
Рӯзи дигар Илҳом барвақт бедор шуда, атомпланро аз сексияи поёни киштӣ беозор берун баровард. Ин машинаи майдагабарити дуҷоя метавонист аз ҳар гуна маҳал гузарад. Барои он на ҷангал монеа шуда метавонисту на об. Лозим шавад, ҳатто қудрат дошт, ки то панҷсад метр парвоз кунад.
Дере нагузашта Моҳира ҳам аз хоб хест, ба корҳои Илҳом ёрӣ расонд. Вай ба атомплан захираи хӯроки серӯза ва асбобу анҷомҳои зарурии сафарро ҷой кард.
18 Сексияи поёни киштӣ – қисми поёни киштӣ
19 Майдагабарит – хурдаҳаҷм, андозаи хурддошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё