Бачаҳои чобуксавор

— Не, — гуфт Илҳом.— Бо ҳарҷогарди зиреҳпӯш мо ошкоро зада медароем. Бигузор он аҷинаҳо дониста гиранд, ки мо аз тоифаи нотавону тарсончакҳои маҳаллӣ нестем. Бо худ таппончаи лазерӣ ва ҷавҳари НК-ро ҳам мегирем.
— Ҳатто НК-ро?
— Гирифтан шарт, — таъкид кард Илҳом. — Аз рӯйи шунидамон, он се қаллоб гургҳои борондида. Ҷавҳари НК чун воситаи охирин лозим шуданаш мумкин.
Моҳира ҷогаҳашро тахт карда истода гуфт:
— Дар дунё ягон гӯшаи осуда набудааст-дия.
Баъзе сайёраҳо тафсон, баъзе хунук. Обу ҳавои Чобук муътадил гуфта хурсанд шавем, ин ҷо се меҳмони нохонда ҳамин қадар мардумро ба бузбозӣ андохтааст.
— Зиндагиро барои ҳамин мубориза меноманд,
— гуфт Илҳом файласуфона. — Куҷое наравӣ, нӯш ҳасту неш ҳаст. Одам барои ҳаёт ҳам бо табиат мубориза мебарад, ҳам бо ҳамҷинсони зӯрдасти худ… Эҳ, соат бо вақти худамон аз бисту се гузаштааст-ку.
— Ҳозир дар хонаи мо шояд телевизор тамошо карда шишта бошанд, — оҳ кашид Моҳира.
— Афсӯс, телевизори мушакамон аз кор баромад, вагарна мо ҳам намоиши ягон сайёраро тамошо мекардем, — гуфт Илҳом.
17 Маскировка – пинҳон кардан, пинҳонкорӣ, ниқобпӯшонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё