Бачаҳои чобуксавор

ҲОДИСАҲОИ РОҲ
Дар сайёрае, ки гирдогирдаш бо уқёнус пӯшида шудааст ва танҳо як ҷазира дорад, Қолабу шарикони ӯ ё ба қавли чобукиҳо – «аҷинаҳо» аз куҷо пайдо шуда бошанд? Аз ғорҳои зериобӣ? Аз коинот? Ё ин сайёра боз ягон қитъае дораду илм аз он бехабар аст? Охир, дар Замин ҳам Америкаро сонӣ кашф карда буданд-ку! Аз ҳамин нуқтаи назар сатҳи сайёраи Чобукро ҳам, балки аз нав ва бодиққат тафтиш кардан лозим? Пеш аз он ки мубориза бурда шавад, ҷойи баромади он аҷинаҳоро аввал муайян кардан шарт аст.
Чунин буд, мавзӯи суҳбати Моҳира ва Илҳом, ҳоло ба киштии байнисайёравӣ баргашта, нақшаи минбаъдаи амалиёти худро мекашиданд.
Ниҳоят онҳо қарор доданд, ки бо мақсади гирифтани ҷавоби саҳеҳ ба шаҳри Чорсӯ сафар кунанд ва бо дарбориёни Қолабшоҳ вохӯранд.
— Имшаб дар ҳамин киштӣ, дам гирифта, аз хоб сер мешавем. Пагоҳ ба сафар мебароем, — гуфт Илҳом.
— Булдогҳои Сиёҳаку Зарринаро ба киро гирем ё бо мошини ҳарҷогарди худамон равем? — савол дод Моҳира.
— Беҳтараш бо атомплан, албатта.
— Барои маскировка булдог хуб буд.
16 Киштии байнисайёравӣ – киштии кайҳонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё