Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Худи булдогҳо ҳам тойча барин калон будаанд-дия, — сухани ӯро қувват дод Илҳом ва боз гуфт: — Ҳеҷ мумкин нест, ки ин сагҳои зину лаҷомдор бесоҳиб бошанд.
Моҳираю Илҳом гирду атрофро бо диққат аз назар гузаронданд, аммо дар ҳеҷ ҷой осоре аз одаму истиқоматгоҳ набуд. Дар ин вақт Илҳом ба боло чашм дӯхта, фарёд зад:
— Ёфтам! Ана, соҳибони сагҳо дар куҷо!
Моҳира низ беихтиёр ба боло нигоҳ кард. Байни ду шохаи калони болои дарахт козае менамуд, ки мисли каҷоваи шутур аст. Одамон шояд сабадчаи худро ба дарахт баста, худ ба болои он баромада хобидаанд.
Илҳом бо ишораи Моҳира борхалта ва пойафзолашро кашида, ба дарахт часпид. Вай заҳмат кашида, чобукона боло баромад, ба даруни сабадча нигоҳ кард. Андаруни сабадча писарчаю духтарча – ду кас паҳлуи ҳам масти хоб буданд. Шуълаи баланди моҳ аз байни шохаҳои дарахт гузашта, аз миён болои онҳоро равшан мекард. Писарак ҳатто гурба барин паст-паст хуррок мекашид.
— Ягон кас ҳаст? — аз поён истода, пурсид Моҳира.
— Ду бача хобидааст, — ҷавоб дод Илҳом.
— Либос доранд?
— Ҳа, ҳам либос доранду ҳам палос, — гуфт Илҳом ва пурсид: — Бедор кунам?
— Не, — рад кард Моҳира. — Аз мо якбора тарсиданашон мумкин. Мон, ҳоло хобанд. Фуро, ин ҷо дам мегирем. Ҳозир субҳ медамад. Худи онҳо бедор шуда, моро мебинанд.
Илҳом аз дарахт фаромада, худро тараппӣ болои алаф партофт. Куртаю шалворашро афшонд.
Баъд пойафзолашро пӯшида гуфт:
— Мардуми ғалатӣ! Дар ин ҷангали хилват ду кӯдак чӣ номаъқулӣ мекунанд?
— Ту гумон дорӣ, ки онҳо кӯдаканд? — пурсид Моҳира
— Албатта. Бачаҳои панҷ-шашсола.
— Аҷоиб, — гуфт хаёл карда Моҳира. — Кӯдак барин гӯй. Хайр, рӯз шавад, ҳамаашро мефаҳмем.
Ягон соати дигар монд. Биё, хӯроки нисфирӯзӣ бихӯрем.
— Дар ними шаб хӯроки нисфирӯзӣ хӯрем! — ғур-ғур кард Илҳом.
— Рост-дия, — фаҳмонд Моҳира. — Охир ба вақти мо ҳозир соат дуи рӯз. Гушна мондам.
— «Моҳтобшаби шир барин, очам зани мир барин», — гӯён Илҳом даҳони кӯлворашро кушод, ки қаҳваҷӯшонаки атомиро гирад.

11 Коза – хонаи аз най ва шохи дарахтон сохташуда, каппа, чайла

пешина
аз 50
навбатӣ