Бачаҳои чобуксавор

Онҳо то вақти бомдод дар ҳамин ҷо монданд.
Хӯрок хӯрданд, дам гирифтанд. Баъд «аз бекорӣ кадукорӣ» гӯён, моҳӣ ҳам доштанд.
— То аз хоб хестани бачаҳо моҳишӯрбо пухта мемонем, — гуфт Моҳира, хандида.
Илҳом пичингомез ҷавоб дод:
— Ба онҳо моҳишӯрбо не, балки шавлаи ширдор лозим.
— Онҳо, дар ҳақиқат, ҳам аз ҷинси одаманд?
Ба худамон монанданд? — бетоқат шуда пурсид Моҳира.
— Наход ман туро фиреб диҳам? — қаҳр кард Илҳом ва гуфт:
— Мо барин ду чашму ду гӯш доранд, даҳону биниашон яктоӣ. Ана, ҳозир рӯз шавад, худат мебинӣ.
ОШИҚОНИ ГУРЕЗА
Саҳар наздик мешуд. Моҳираю Илҳом кӯлворҳои худро зери сар монда, болои алаф дароз кашиданду хобашон бурд. Ҳавои мусаффои беша ба ҷисму ҷон қувват мебахшид. Сайёҳон бо марому бароҳат нафас мекашиданд. Лабони барги гул барин нозуку хушранги Моҳира аз мамнуният ҳатто табассум мекарданд. Шояд вай ҳоло Замини худашон, падару модар ва дугонаҳояшро дар хоб медид. Гумон дошт, ки аз сафари сайёраи Чобук баргаштааст, бо рафиқони худ нашастааст, ба онҳо воқеаҳои аҷиби саргузашташро гарму ҷӯшон нақл мекунад…
Дар ин вақт ногаҳон ак-аки саг баланд шуд.
Чизе шартас зада, аз болои онҳо гузашта рафт.
Моҳира як қад парида аз хоб хесту ба саворае чашмаш афтид, ки ба булдог нишаста, ба қаъри беша мегурезад. Бачаи дигар зӯр зада тасмаи сагро аз дарахт кушоданисту наметавонад.
Моҳира наздик рафта дид, ки вай духтарак аст.
— Натарс, нагурез! — гуфт Моҳира, даст бардошта. — Мо ба ту осебе намерасонем.
Духтараки кабудчашму заркокул худро зери пойи Моҳира ба зону партофт ва пешониашро ба замин расонида нолиш кард:
— Эй фариштаи пок! Мададгори мо шав. Тамоман бегуноҳем. Ба ҳоли мо раҳм кун, — оби дидаи духтарча шашқатор шуд.
Моҳира ӯро лӯхтаки калон барин аз замин бардошта, ба сари зону шинонд, бо рӯймолча ашки чашмонашро пок кард.
— Гиря накун, аз ман наҳарос! — Гуфт Моҳира, сари ӯро сила карда. — Ман фаришта не, балки мисли ту одамам. Ният дорам, ки бо ту ошно шавам, ёрӣ расонам.
Духтарак дид, ки Моҳира ба ӯ меҳрубонӣ мекунад, андак ба худ омад, осуда шуд. Пайкари кӯчаки ӯ дигар барги бед барин намеларзид.
— Вай бача куҷо гурехт? Ҷеғ зан ӯро, — илтимос кард Моҳира.
Духтарак давида хеста, болои кундае баромад.
Вай ба нӯги по рост истодаю бо ангушт лабони худро ларзонда, чунон аҷоиб «улу-улу» кард, ки аз ин фарёди ғайриодӣ Илҳом низ аз хоб бедор шуд.
— Чӣ гап? — Пурсид ӯ хоболудона аз Моҳира. — Кӣ ин қадар товус барин қиғос мекунад?
— Ин духтарак ҳамроҳашро ҷеғ мезанад, — фаҳмонд Моҳира.
— Ҳамроҳашро? Кадом духтарак?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё